Вирусолог надорем! Мушкили асосии Панҷакент

Мусоҳиба бо Маҳмадмурод Сафаров, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент

Дар ин рӯзҳои душвор, ки пандемияи коронавирус дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон паҳн гардидааст, қабрҳои холии кандашуда дар баъзе аз деҳаҳои шаҳри Панҷакент сокинонро нигарон кардааст. Ин ҳолат низ ба рӯҳияи мардум халал эҷод намуда, онҳоро ба тарсу ваҳм овардааст.       

Масъулони қабристонҳои деҳаҳо мегӯянд, ки ин супориш аз тарафи мақомоти шаҳр аст ва қабрканҳоро муаззаф намудаанд, ки барои эҳтиёт як ё ду қабри нав канда монанд. Як сокини  ҷамоати Лоиқ Шералӣ бо ирсоли акс ин гуфтаҳоро тасдиқ намуд. Аз суҳбати мо бо Маҳмадмурод Сафаров, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бармеояд, ки вазъ дар Панҷакент рӯ ба беҳбудист. Тавре номбурда дар суҳбат гуфт:

— Шукронаи Худо 10 рӯзи охир ваъз дар шаҳри Панҷакент муътадил аст. Муроҷиати беморон кам шуда истодааст. Бештари беморон аз беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳр рухсат гардиданд.

-То ба ҳол чанд нафар бо нишонаҳои бемории сироятии коронавирус ва илтиҳоби шуд дар беморхонаи сироятӣ бистарӣ гардиданд?  

-Аз лаҳзае, ки бемории сироятии Ковид-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, то ба ҳол дар беморхонаи сироятии шаҳр 90 нафар бистарӣ гардиданд. Аз ин 76 нафар рухсат шуданд ва айни замон 9 нафар табобат гирифта истодаанд.

-Фавт ҳам ба қайд гирифта шудааст?

— Фавт ҳамагӣ 5 касро ташкил медиҳад, ки синни 3 нафари онҳо аз 65 болост. Ғайр аз ташхиси илтиҳоби шуш, онҳо бемории қанд ва дил доштанд.

-Сокинони деҳаҳои дурдасти Панҷакент шикоят аз он доранд, ки агар нафари наздикашон бемори сахт шавад, имкони дастрасӣ ба мошини Ёрии таъҷилӣ надоранд. Ҳоло дар марказҳои тандурустии шаҳру деҳоти Панҷакент чанд мошини Ёрии таъҷилӣ ҳаст?

-Мо аз ин ягон камбудӣ надорем ва айни ҳол дар нуқтаҳои тиббии шаҳру деҳот 7 адад мошини Ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст.  Аз  ин 3 адад дар марказҳои тиббии шаҳр ва 1 ададӣ дар ҷамоатҳои Моғиён, Артуч, Рукнобод ва Лоиқ Шералӣ аст. Бояд зикр намоям, ки як бригадаи махсуси мошини Ёрии таъҷилӣ ташкил шудааст ва нафаре, ки ҳолаташ дар шаҳру деҳот вазнин аст, ба беморхонаи марказӣ дастрас гардонида мешавад.

-Шароити бемороне, ки дар беморхонаи сироятӣ табобат мегиранд, чӣ гуна аст?  

-Камбудӣ дар беморхонаи нафарони табобатмегирифта ҷой надорад, шароити беморхона дар ҳоли хуб аст. Беморон  бо се вақт хӯроки гарм таъминанд ва 60 нафар духтурони таҷрибадор дар хидмати эшонанд.

-Дар марказҳои тиббии шаҳру деҳоти Панҷакент чанд адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксегенаратор мавҷуд аст?

-Ҳозир дар марказҳои тиббии шаҳру деҳоти Панҷакент 12 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва 15 адад оксигенаратор мавҷуд аст. Аз ин 2 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва 3 адад оксигенаратор дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи сироятӣ барои беморони гирифтори коронавирус ва илтиҳоби шуш хизмат мерасонад. 

Инчунин, ҳафтаи гузашта аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Панҷакент як адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии замонавӣ тақдим гардид.

-Мегӯянд, ки дар беморхонаҳои Панҷакент вирусолог нест. Чаро?

-Мутаассифона, ин яке аз камбудиҳои соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Панҷакент мебошад. Мо ҳамагӣ 8 нафар сироятшинос дорем, ки аз инҳо 7 нафарашон дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳр ва 1 нафари дигарашон дар шӯъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҷамоати Лоиқ Шералӣ фаъолият доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии санитарии шаҳри Панҷакент 106 адад муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар  онҳо 1123 нафар кормандон хизмати тиббӣ мерасонанд.

-Беморхонаҳои Панҷакент ҳам аз кӯмакҳои тиббӣ бархурдор шуданд?  

-Албатта. Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба Панҷакент ҳам бисёр кумакҳои башардӯстона ворид гардид. Аз ҷумла, кӯмаки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 10 мошини боркаш, ки аз ин ду адад мошин доруворӣ мебошад. Мувофиқи рӯйхат ба 145 нафар кормандони миёнаи тиб кӯмак тақсим карда шуд. Ҳамчунин, кӯмаки пайдарпайи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастрас шуд.  Аз вилояти Самарқанд ба шаҳри Панҷакент кӯмаки башардӯстона иборат аз доруҳои пешгирикунанда аз коронавирус ва табобати илтиҳоби шуш тариқи гузаргоҳи сарҳади гумрукии «Саразм-Ҷартеппа» ворид шуд.

Мусоҳиб Бахтовар Сафаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *