Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мавҷи нави COVID-19 дар Русия: Эмгузаронии соҳаҳои хизматрасонӣ идома дорад

Пайдоиши намудҳои нави коронавирус баъзе кишварҳоро водор кард, ки барои гирифтани ваксинаҳои ҳатмӣ  қарор қабул  кунанд,

 Масалан, он аллакай дар Италия ва Чин ҷорӣ карда шудааст. Дар моҳи июни соли равон бошад,  Русия  эмгузаронии ҳатмии баъзе категорияҳои одамонро эълон кард. Пас, дар Маскав ҳадди аққал 60% кормандони соҳаи хидматрасонӣ бояд эм карда шаванд. Зарурати чунин қарор бо якбора афзоиш ёфтани шумораи сирояти коронавирус алоқаманд аст.

Дар Русия барои эмгузаронӣ вақти кам ҷудо карда шудааст: марҳилаи аввал бояд то 15 июл ва дуввум то 15 августи соли равон ба анҷом расанд. Дар натиҷа, ширкатҳое, ки дар соҳаи хидматрасонӣ кор мекунанд, барномаи дастгирии кормандон ва шариконро пешниҳод карданд. Ҳамин тариқ, ронандагони такси ва хаткашонҳое, ки бо Yandex ҳамкорӣ мекунанд, аллакай ба эмгузаронӣ дар нуқтаҳои махсус, ки бо дастгирии ширкат дар Маскав роҳандозӣ шудааст,  шурӯъ карданд.

Инчунин, Yandex.Taxi як алгоритми махсусеро таҳия кардааст, ки ба ронандагон нуқтаи наздиктарини тамоми ҷойҳоеро, ки одамон мехоҳанд  ваксина гиранд,  нишон медиҳад.  Ҳамзамон, хадамот чорабиниҳои қаблан ҷорӣ гаштаро дар мубориза бо COVID-19-ро идома медиҳад.

Масалан, дар пойтахт ва минтақаҳо нуқтаҳои поккории мошинҳо, ба ронандаҳое, ки  фармоишии Yandex иҷро мекунанд, ниқобҳо ва антисептикҳо паҳн карда мешаванд.  Инчунин, барои хаткашонҳо ва ронандагони таксӣ, ки аз коронавирус  сироят ёфтаанд ва  ё бо сабаби тамос бо одамони бемор дар инзиво қарор доштанд, фонди  кӯмаки молиявӣ амал мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.