Mercer ба зиндаги дар Душанбе баҳои паст дод
Созмони байналмилалии Mercer дар раддабандии имсолааш Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро дар байни 231 шаҳри дунё аз нигоҳи кайфияти зиндагӣ дар мақоми хеле пойини 215-ум, пойинтар аз 4 пойтахти дигари Осиёи Марказӣ гузоштааст.
Созмони байналмилалии Mercerрӯзи 14 март раддабандии солонааш бо номи «Раддабандии кайфияти зиндагӣ” нашр кард. Дар ин раддабандӣ, ки 231 шаҳри муҳими дунё, асосан пойтахтҳоро дар бар мегирад, Душанбе дар мақоми хеле пойини 215-ум, дар байни Абуҷаи Нигерия ва Даккаи Бангладеш (аз боло) ва Антанаривои Мадагаскар ва Огадогуи Буркина-Фасо гузошта шудааст.
Mercer кайфияти зиндагӣ дар Душанберо дар байни шаҳрҳои асосӣ ва пойтахтҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама пасттарин баровард кардааст. Барои муқоиса, шаҳри Алма-Атои Қазоқистон дар ин раддабандӣ дар зинаи 178, Тошканд, пойтахти Узбекистон дар мақоми 205, Бишкек, пойтахти Қирғизистон дар мақоми 207 ва Ишқобод, пойтахти Туркманистон дар зинаи 211-ум гузошта шудаанд.
Mercer ҳар сол сатҳи зиндагӣ дар шаҳрҳои асосии дунёро раддабандӣ мекунад. Ин созмони таҳқоқотӣ мегӯяд, дар таҳияи раддабандиҳояш ба омилҳое, чун суботи сиёсӣ, муҳити иқтисодиву иҷтимоӣ, амният, муҳити зист, сифат ва сатҳи хидматрасониҳои тиббӣ ва маориф такя мекунад. Омилҳои дигари таъсиргузор ба мавқеи шаҳрҳо дар раддабандии Mercer дастрасӣ ба маҳсулоти истеъмолӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ, рушди зербино(инфраструктура) ва нақлиёти шаҳрӣ, манзил, истироҳату дилхушӣ дар шаҳр ва ҳамчунин сифати обаш мебошад.
Раддабандиҳои Mercer яке аз мӯътабартарин арзёбиҳо дар бахши кайфияти зиндагӣ дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон буда, дар арсаҳое, чун сайёҳату ҷаҳонгардӣ ва ҷалби сармоя аз он истифода мекунанд.
Mercer дар раддабандии имсолааш Венаи Австрия, Сюрихи Швейтсария ва Окленд аз Зеландияи навро беҳтарин шаҳрҳои дунё барои кору зиндагӣ ном бурдааст. Дар даҳгонаи шаҳрҳои сифати зиндагиашон аз ҳама болои ҷаҳон ин ширкат ҳамчунин Мюнхену Франкфурт ва Дюсселдорфи Олмон, Ванкувери Канада, Женева ва Базели Швейтсария, Копенгагени Дания ва Сиднейи Австралияро ҷой кардааст.
Ва баракс Бағдод (Ироқ), Бангуи (Африқои марказӣ), Санъо (Яман), Порт-а-Принс (Ҳаити) ва Хартум (Судон) шаҳрҳои сифати зиндагиашон пасттарин дар ҷаҳон унвон шудаанд.
Шаҳри Маскав дар ин раддабандӣ дар мақоми 168 ва Санкт-Петербург дар зинаи 176 гузошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ