Мешудааст ку… (хабарнигори Pressa.tj чиро дид?)

Ин субҳ ба автобуси рақами 7 савор шудам .Соат 7.40. Дар даромадгоҳи пеши  автобус курсантҳое,ки  таи ду рӯзи гузашта  ба мавҷудияти онҳо одат карда будем, набуданд. Аммо новобаста ба ин, мусофирон танҳо бо корт ворид мешуданду ба толор садои “корти донишҷӯӣ”, “корти ройгон”, “хуш омадед” ва ғайра баланд шудан гирифт.

Маълум буд, ки мардум  таи ду рӯзе, ки курсантҳои Академияи милиса мусофиронро танҳо бо корт ба мусофирбарҳо иҷозати даромадан медоданд,ба ин одат кардаанд ва аксари бекортҳо дар ин муддат соҳиби корт шудаанд.

Дар давоми сафари мо аз истгоҳи  “километри 9” то истгоҳи Сирк ба ин автобус танҳо ду нафар кӯшиши бекорт ворид шуданро карданд, ки маблағи онҳоро ҳам ронанда рад карду гуфт, “корд харед”. Он ду нафар маҷбур шуданд  пули худро ба кортдорҳо доданд ва соҳибони корт дубора корташонро ба қайд гирифтанд.   

Дигар ҳолати бе корт ва бо маблағи “зинда” даромадани мусофиронро мушоҳида накардем. “Мешудааст ку…” гуфтам дар дил ва аз он афсус хурдам, ки ба назарам курсантҳоро барвақт аз ин кор озод карданд. Агар ин раванд то охири ҳафта давом мекард, шояд бештари сокинон   ба зарурати истифода аз корт итиминон ҳосил мекарданд.

Ба ҳар ҳол, он иқдоме,ки шаҳрдорӣ дар таи ду руз дар мавриди ба танзим даровардани ҳисобу китоби байни мусофиру мусофирбар амалӣ намуд, натиҷаи хуб дод. Минбаъд чӣ гуна хоҳад шуд, боз ҳам таҳти назари худ нигоҳ хоҳем дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *