Месси ҳам ба Арабистон меравад?
Пас аз гузариши Криштиану Роналдуи 37-сола ба бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ду тими ин кишвар — «Ал-Ҳилол» ва «Ал-Иттиҳод», ки аз рақибони “Ал-Наср” маҳсуб меёбанд, талабгори гузариши футболбози аргентинӣ Лео Месси шуданд.
Тавре хабар дода мешавад, «Ал-Ҳилол» ва «Ал-Иттиҳод» омодаанд, ки ба Месси дар як мавсим 350 миллион евро пардохт намоянд, вале то ҳол гуфтушунидҳо хулосаи аниқеро ба бор наовардаанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дастаҳои мазкур таҳти таҳримҳои ФИФА қарор доранд ва барои вайрон кардани қоидаҳои трансферӣ бозигари нав харидорӣ карда наметавонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ