Леонел Месси

Месси Неймарро аз Мбаппе ва Бензема боло донист

Дар Париж маросими супурдани ҷоизаҳои FIFA “The Best” баргузор шуд, ки байни се довталаб Лионел Месси ҷоизаи беҳтарин футболбозро ба даст овард.

Месси дар овоздиҳӣ зебо рафтор кардааст. Ӯ Неймарро дар ҷои аввал гузошта, Мбаппе ва Бенземаро дар поёнтар қарор додааст. Ин аст як ишора ба дӯсте, ки бо ӯ дар Барселона бозӣ мекард ва ҳоло ҳам дар “ПСЖ” бозӣ мекунад.

Неймар дар натиҷаи овоздиҳӣ мақоми 9-умро касб кард. Бензема ва Мбаппе бошанд, дар сегонаи беҳтарин қарор гирифтанд. Месси то ҳол ба рақибони худ баҳои баландтарин надодааст.

Боз як ҷузъиёти ҷолиб дар бораи Месси: Аргентинӣ дар овоздиҳии мухлисон 1,35 миллион овоз гирифт — бештар аз Мбаппе ва Бензема дар маҷмуъ. Килиан 391 ҳазор, Карим 200 ҳазор овоз доранд.

Эътирози ғайриоддӣ: Сармураббии Тими миллии Хорватия Златко Далич, ки дастаҳоро ба финал ва нимфиналҳои чемпионатҳои ҷаҳонии гузашта роҳбарӣ мекард, аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *