13 сол зиндон барои қотили тоҷикистонӣ

Додгоҳи шаҳраки Заларии Русия шаҳрванди Тоҷикистонро бо айбномаи қатли ҳамсари собиқаш ба муддати 13 сол равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои Суди вилояти Иркутск, ин мард аз рӯйи моддаи 105, қисми дуи Кодекси ҷиноятии Русия, яъне, қатли аз ҳад бераҳмона маҳкум шуда ва муддати ҳабсро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.

Ин ҳодиса рӯзи 8 марти соли ҷорӣ рух дода буд. Зану шавҳари собиқ якҷоя шаробнӯшӣ карда ва ба хонаашон баргаштанд.

Баъдан миёни ҳарду моҷарое рух медиҳад ва ҳамсари пешин эътироф мекунад, ки бо марди дигар равобити маҳрамона дорад. Марди тоҷикистонӣ бо шунидани ин ҳарфҳо ба зан ҳамла карда бо корд, миз ва лулаи фулизӣ ба сару рӯйи ҳамсари собиқаш мезанад.

Дар натиҷа, зан дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад. Саҳнаи лату кӯб ва қатли ҳамсари пешин дар ҳузури фарзандони хурдсоли онҳо рух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *