Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

8 кўдак аз 7 миллат. Самиҷон Абдуллоеви тоҷик Русияро қоил кард

Нашрияи «Е1»-и чопи Екатеринбург дар бораи Самиҷон Абдуллоев, як зодаи Тоҷикистон қисса кард, ки ӯ ҳамроҳи ҳамсараш 8 кӯдак аз 7 миллату гуногунро ба фарзандӣ хондааст.

Исми ин оила дар аввали моҳи октябр замоне вирди забонҳо шуд, ки хонаву мошин ва асноди онҳо дар шаҳраки Болшой Исток, дар 27-километрии Екатеринбург ба коми оташ рафт ва ин оилаи гуногунмиллати иборат аз 10 нафар дар кӯча монд. Ахиран бунёди хайрияи «Фонд святой Екатерины», марбут ба миллиардери рус Игор Алтушкин ба хонаводаи Абдуллоевҳо дар шаҳраки бо Болшой Исток ҳамсояи Арамил хонаи нав харид. Мақомоти Екатеринбург мегӯянд, ки ин оилаи гуногунмиллат аллакай то соли нав дар манзили нави худ бурёкӯбон хоҳад кард.

Самиҷон Абдуллоев дар ятимхона ба воя расида, Омӯзишгоҳи ҳарбии Волскро хатм кардааст ва дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас дар неруҳои мусаллаҳи Русия ба ҳайси халабон (пилот)-и ҳарбӣ хидмат кардааст.

«Ман худам, ки дар ятимхона ба воя расидаам, вақте ба ятимхона афтодам, тамоми машаққати зиндагӣ дар ятимхонаро ба чашми худ дидам ва ҳамон вақт қавл дода будам, ки ҳатман аз ятимхона кӯдакеро гирифта, ба воя мерасонам», – нақл кардааст Самиҷон Абдуллоев ба нашрияи «Е1».

Баъди ба нафақа баромадан Самиҷон ва ҳамсараш ибтидо соли 2008 кӯдакеро, ки волидонаш аз баҳри ӯ гузашта буданд, ба фарзандӣ гирифтанд ва Мусаввир номаш гузоштанд.  Баъдан, маълум шуд, ки Мусаввир бемории фалаҷ дорад ва роҳ гашта наметавонад. Табибон ба Абдуллоевҳо машварат доданд, ки ягон кӯдаки навзодро боз ба фарзандӣ бихонанд, то Мусаввир ба ҳаракатҳои ӯву чӣ тавр ба воя расиданаш таваҷҷуҳ кунад ва ин ба рушди Мусаввир кумак мекунад.

«Ҳамин тавр, мо Арсенийро ба фарзандӣ хондем, сипас кӯдаки сеюм, чорум, панҷум… Ҳоло мо 8 кӯдакро тарбия мекунем», – мегӯяд Самиҷон Абдуллоев.

Таҳияи С. Мирзо

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.