Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Бандаи ГТА»-одамонро чаро мекушад?

Расонаҳои Русия аз дарёфти ду ҷасади дигар дар наздикии Москва хабар медиҳанд, ки аз ҷониби гурӯҳи маъруф бо номи «Бандаи ГТА» кушта шудаанд. Ба иттилои манобеъ дарёфти ҷасадҳо аз рӯйи нишондоди як аъзои ин гурӯҳ, ки дар Тоҷикистон боздошт шудааст, сурат гирифтааст. Расонаҳо навиштаанд, ки кушташудаҳо Баҳром Сектебитов ва Фирӯз Қароқулов буда, яке аз онҳо Осиёӣ аст ва шаҳидшудагонро барои мошинашон кушта, зери хок кардаанд. Аъзоёни ин гурӯҳ, ки дар Русияву Тоҷикистон боздошт шудаанд, дар куштори дасти кам 17 нафар дар шоҳроҳи Москва ва наздики он муттаҳам дониста мешаванд. Аввали моҳи август додгоҳи Вилояти Москва  эълон карда буд, ки мурофиаи навбатии парвандаи  пурсарусадои «Бандаи ГТА» охири моҳи август баргузор мешавад. Бино ба иттилои расонаҳо вакилони дифои муттаҳамон барои шиносоӣ бо маводи парванда фурсати бештар хостаанд ва судя ин пешниҳодро қабул кардааст. Муҳлати боздошти нуҳ тан боздоштшудагони «Бандаи ГТА» Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳонов, Анвар Улуғмуродов, Фазлиддин Ҳасанов, Шерзодҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов ва ду шаҳрванди Тоҷикистон-Абдумуқим Мамадҷонов ва Зафарҷон Ғуломов то 28-уми декабр тамдид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки додситони кулли Русия парвандаи ин гурӯҳро 24 июн ба додгоҳ фиристода буд. Додситони Русия хабар дода буд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Боҳир Ғуломов, роҳбари идеологии «Бандаи ГТА» ва як нафари дигар, ки аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шудаанд, ба Тоҷикистон ирсол гардид. Ғуломов аз пайравони «Ҳизб-ут-таҳрир» ва таҳсилдидаи кишварҳои исломӣ муаррифӣ мешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Фарух Азаматови 38-сола, охирин муттаҳам дар узвият ба гурӯҳи «Бандаи ГТА»-ро моҳи июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон боздошт намуда буданд. Додситони Русия ин гурӯҳи ҷиноиро, ки бештар аз зодагони Осиёи Марказӣ иборат аст, дар бандитизм, куштор, роҳзанӣ, истеҳсол ва доштани силоҳи ғайриқонунӣ айбдор менамояд. Додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав моҳи марти соли гузашта, Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гурӯҳи ҷиноии маъруф ба «Бандаи ГТА» ба муҳлати як солу як моҳ равонаи зиндон карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. сОБИР АЗ МАХАЛАИ шОХМАНСУР 01.09.2016 16:54

    иН ЯКТАШ ХАМСОЯИ МО БУДААСТКУ. и ХУДОЗАДА ПУЛДОРИШ АЗ ХАМИН ХИСОБ БУДААСТ А? хУДО БЗАНА ИТАРИ ОДАМКУШОИ БЕХУДОРА. чАЗОЯШ КУШТА СУЗОНДАН АСТ. пУЛУ МОЛАТ хУДО ХОХАД АЗ САРАТ МЕМОНАД, ДИГАР БАЧАХОЯТ КАТАГИ НАМЕКУНАНД хАРОМХИШТАК

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.