Боздошти «мальчик по вызову»-и тоҷик дар Саратов

Мақомоти умури дохилии Саратов аз боздошти як ҷавони тоҷикистонӣ бо иттиҳоми фоҳишагӣ хабар додааст. Ҷавони дастгиршуда Акобир ном дошта, зодаи шаҳри Турсунзода будааст. Мақомот мегӯянд, зимни як амалиёти махсус шоми 28-уми июл дар ҳаммоми воқеъ дар кӯчаи Кутякови ноҳияи Кировск ин ҷавони 28- солаи тоҷикро ҳангоми гирифтани маблағ барои хизматрасонии шаҳвонӣ боздошт кардаанд. Дар рафти тафтишот маълум гашт, ки дастгиршуда тӯли чандин сол боз дар Русия ба қонеъ кардани хонумони пулдор машғул буда, бар ивази маблағ ба занон хизмати шаҳвонӣ мерасонидааст. Фоҳишамард тавассути мизоҷони серпулаш ҳатто шаҳрвандии Русияро низ гирифта, шоҳона зиндагӣ мекардааст. Рақамҳои занони сарватмандро аз агентии “Справочник” дастрас намуда, вай бонувони серпули ба навозиш муҳтоҷро ба ҳамхобагӣ даъват мекардааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшуда санади маъмурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагӣ тартиб дода шудааст ва фоҳишамард бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми 1,5-2 ҳазор рубли русӣ халос мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *