Дар шаҳри урус ҳайрону зорам, оча!

Чандест, ки  дар шаҳри Зеленоград кор карда истодаам. Пештар дар бораи рӯзи сиёҳи муҳоҷирон аз газетаи «Оил» мехондам, акнун азоби муҳоҷиратро бо чашми сар дида, бовар кардам, ки навиштаҳои шумо ҳақиқат будаанд. Мо дар ин ҷо аз дасти бепулӣ шоир шудаем. Агар ин шеъраки маро кормандони «Оила» дар саҳифаи «муҳоҷир» ҷой диҳанд, миннатдор мешавам.

Боз дар шаҳри рус ҳайрону зорам, модарам,
Аз насиби хештан чашминтизорам, модарам.
Шаҳри ғурбат омадам, дар ҳасрати рўйи туям,
Чашми худ аз акси рўят барнадорам, модарам,
Ҳамсару фарзанд ба роҳи ман бигирянд, рўзу шаб,
Ту напурс аз ашкҳои шашқаторам модарам.
Бехабар мондам ман аз ранҷу азоби қисматат,
Дарду доғатро набинам, ғамбарорам модарам.
Қонуни нав баромад, баҳри мо дар шаҳри рус,
Дасткӯтоҳ, сар ба зеру қарздорам, модарам.
Қарзи фарзандӣ надонам, кўр гардам, очаҷон,
Дар раҳи фарзанд умре беқарорам, модарам,
Чун муҳоҷир карда моро чарх дар шаҳри урус.
Ҳасрати дурӣ зи ту дору надорам, модарам,
Номаро Доро навиштаст, бехабар бар сўи ту,
Хуби хубам, шиквае аз худ надорам модарам.

Доро Сўҳробӣ, аз Зеленогради Русия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *