Интиқоли ҷасади 50 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия бо мошини махсус

16 июн 50 ҷасади шаҳрвандони кишвар тавассути мошини махсус аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия  аз ҳамватаноне, ки дар амали хайрхоҳона бо Намояндагии дипломатӣ дар ҳамкорӣ буданд, изҳори ташаккур ва миннатдорӣ намудааст.

Ҳамчунин, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти соҳавии давлатҳое, ки аз қаламравашон интиқоли ҷасадҳо сурат мегирад, дархостҳои расмӣ ва дигар корҳои ҳуҷҷатгузорӣ фаврӣ анҷом дода шуд.

«Намояндагии дипломатии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россияро мавриди пайгирии ҳамешагӣ қарор дода, ба маҳзи беҳтар шудани вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар кишварҳои минтақа, роҷеъ ба барқарор гардидани имкониятҳо барои рафтуомади шаҳрвандон иттилоъ хоҳад дод»,- хабар медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *