Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корт бо изи ангушт: талаботи нав барои муҳоҷирон дар Русия – аз кай оғоз мешавад?

Дар кортҳо интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи хориҷиён ҷой дода мешавад

Аз 29 декабр Вазорати корҳои дохилии Русия ба додани кортҳои пластикӣ ба муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба муддати тӯлонӣ ба Русия меоянд, шурӯъ мекунад.

Дар ин корт аз ҷумла интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи муҳоҷир, изи ангушт ва акси ӯ ҷой дода мешавад.

“Шакли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд гузаштани бақайдгирӣ ва аксбардории ҳатмии давлатии изи ангуштро дар бар мегирад, дар шакли корт бо интиқолдиҳандаи электронии маълумот, тасдиқ карда шавад”, – гуфта мешавад дар лоиҳаи ҳуҷҷат.

Кортҳои пластикӣ дар сурати будани имкони техникӣ дода мешаванд, дар дигар ҳолатҳо ҳуҷҷат бидуни корт пешниҳод мешавад.

Ҳуҷҷати нав инчунин муқарраротеро дар бар мегирад, ки тибқи он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риояи талаботи ҳатмии супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русияро месанҷанд.

Ин талабот аз 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо мекунанд.

Вазорат тавзеҳ дод, ки вазифаи асосии муқаррароти нав таъмини сад дарсад шиносоии хориҷиён хоҳад буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.