Маҳдудияти ҷиддӣ дар доираи фаъолияти муҳоҷирон дар Ёқутистон

Айсен Николаев, сарвари Ҷумҳурии Ёқутистони Русия фаъолияти муҳоҷиронро дар 33 бахш, назири тиҷорат, мусофирбарӣ, савдои хӯрокворӣ ва ғайра манъ кардааст.

Айсен Николаев, сарвари Ҷумҳурии Ёқутистони Русия фаъолияти муҳоҷиронро дар 33 бахш, назири тиҷорат, мусофирбарӣ, савдои хӯрокворӣ ва ғайра манъ кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ёқутистон, шаҳрвандони хориҷа дигар ҳақ надоранд, ки дар канори мусофиркашонӣ, савдои маводи хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва либос ба соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, шикор, истеҳсол, сохтмон, тиҷорат, нақлиёт, меҳмонхона, фаъолияти илмӣ-техникӣ ҷалб карда шаванд.

Маҳдудият, инчунин, ба бахши амволи ғайриманқул, фаъолият дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва таъмини хизматрасониҳои иҷтимоӣ рабт мегирад. Илова бар ин, барои муҳоҷирон фаъолият дар соҳаи қонунбарорӣ, ҳисобдорӣ, меъморӣ ва муҳандисӣ, таҳқиқот ва рушд манъ аст.

Аз сӯи дигар,  дар Ёқутистон нархи патент дар муқоиса ба дигар шаҳрҳои Русия аз ҳама баландтарин муаян карда шуда ва саҳмия ё  квотаҳо барои кормандони аз хориҷ коҳиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Ёқутистон як зани маҳаллӣ аз ҷониби муҳоҷири қирғиз  мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта буд.

Ин ҳодиса боиси норозигии мардум гардид ва ҳукуматдорон қарор доданд, ки дар фаъолияти муҳоҷирон  маҳдудиятҳои ҷиддиро ҷорӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *