Маккаи муҳоҷирон. Чаро тоҷикон Русияро интихоб мекунанд?

Ба дидорбиниам дӯсти дерини тоҷикистониам Шариф Ҳамдампур, директори Медиа –холдинги “ Оила” сари роҳ ҳангоми сафар ба Исроил даромад. Ҳарчанд дар Маскав дӯстони ҷониаш зиёданд, вале Маскав аз доираи ҳамкориҳо берун мемонад…

Замоне бо Шариф сар то сари Тоҷикистонро гашта будем, кӯҳҳои Помирро фатҳ кардем. Дар умрам мисли тоҷикон мардуми самимӣ ва меҳмоннавозро надидаам. Соатҳо аз суҳбати пирони хиради бадахшонӣ лаззат бурдаам, ҳатто шеъри кадоме аз онҳо дар хотирам нақш бастааст:

Кто любит Родину — пострадает за нее,
Кто любит мудрость — будет скитаться.
Кто любит стихи- имеет крылья.
Я – поэт моего народа…

Касе Ватанро дӯст медорад ба хотири он азоб мекашад,
Касе хирадро дӯст медорад сарагардон мешавад.
Касе шеърро дӯст медорад, бол дорад,
Ман – шоири халқи худам…

Ҳоло ман аз дидани ғуломтоҷикони ҷавоне, ки барои пайдо кардани як бурида нон ба мошинҳои бойбачаҳо (соҳибони бӯстонсароҳо) мечаспанд ғамгин мешавам. Шарифро чунин андеша бар сар аст:
-Ин муҳоҷирони сиёҳбахт ҳосили ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ҳастанд, ки дар он шумораи тоҷикони фавтида аз миқдори нобудшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аст. Ин як даҳшат буд, барои душманон куштани ҳамдигар кам буд, бояд падари душмани худро меёфтанду пӯст меканданд ва ба ҷӯйбор меандохтанд, ки ҷон канда мурад…
-Чаро мардуми хирадманду сулҳҷӯи шумо пас аз пошхӯрии СССР чунин ваҳшӣ шуданд?

-Пас чаро мардуми нармдили рус солҳои 90-уми асри ХХ ба ин миқдор роҳзанонро ба миён овард? Дар таърих ҳама кор имконпазир аст, аммо қалби мардум ҳатто барои хирадмандон муаммост. Мо мавҷи хатарро паси сар кардем, дар бораи Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон чизи нагӯянд, ӯ бузургтарин хизматро ба анҷом расонид: оташи ҷангро хомӯш кард. Аммо бераҳмии русони шумо ҳанӯз идома дорад. Ман барои тоҷикони Русия рӯзномае нашр мекунам, мақсадаш омӯзонидани маърифати ҳуқуқӣ, муносибат бо полис ва монанди ҳамин аст. Бо зиёде аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ҳамсуҳбат шудаам. Чанде пеш сарвари диаспораи тоҷикони Челябинск нақле кард: ду тоҷик оҳанпора ҷамъ оварда, дар нуқтаи қабул месупоранд. Ба онҳо нисфи пулро медиҳанд, боқимондаашро ваъда мекунанд, ки пагоҳ мегиред. Соҳибони нуқтаи қабул шабона хонаи тоҷикон меоянд, онҳоро сар мебуранд ва пулашонро мегиранд. Аз куҷо дар ниҳоди шумо, русҳои бараҳм, ин қадар нафрат нисбати муҳоҷироне, ки барои шумо кор мекунанд, пайдо шудааст? Агар онҳо ба шумо лозим набошад, рӯйирост гӯед, омаданашонро манъ кунед! Аммо даъват кардану боз мисли саг муомила намудан, ба ақли кас намеғунҷад! Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (Дубай) ҳамагӣ 10 фоизро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, боқимонда ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ. Аммо дар он ҷо бо онҳо инсонвор муносибат мекунанд, на мисли Русия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ 10 фоизро ташкил намедиҳанд.
-Шояд АМА ба муҳоҷирон ниёз дорад, аммо дар Русия онҳо танҳо ба мумсикон ҳамчун ғулом — қувваи арзони корӣ лозиманд. Дар мо афсонае бофта буданд, ки гӯё русҳо ба кӯчарӯбӣ, хазиначии мағоза, устоҳои ЖКХ намераванд. Баъд аз моҷарои навбатӣ супориш шуд, ки Маскавро аз муҳоҷирон тоза кунанд. Дар хонае, ки ман истиқомат дорам, ҷои ҳавлирӯбҳои тоҷикро як ҷуфт русҳои наменӯшидагӣ, меҳнатдӯст гирифтанд; қирғизҳои барқкору слесарҳо низ ғайб заданд, ба ҷояшон русҳо омаданд ва ҳамин тавр давом ёфтан гирифт. Аммо муддате нагузашта, муҳоҷирон дубора баргаштанд. Чунки ба онҳо аз се як ҳиссаи маошро медиҳанд, боқимонда ба кисаи корфармо меравад. Ана сарчашмаи бадбанӣ дар куҷост: дар мо чиновникҳои дузду ҳаромахӯрро бад мебинанд ва дар ин миён шарикони маҷбури онҳо -муҳоҷирон дар канор намемонанд. Чаро ҳамватанони ту ба ин ҳама нигоҳ накарда, боз меоянд?

-Дар Русия ҳоло беш аз як миллион муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, ки дар маҷмӯъ аз шумораи муҳоҷирон дар Хитой, Эрон кишварҳои араб, Аврупо зиёд аст. Сабаб- фарҳанги муштарак, ки аз замонҳои СССР боқӣ мондааст. Дар дигар кишварҳо ба онҳо се баробар зиёд музд медиҳанд, бо Эрон ҳамзабонем. Аммо, ҳатто ҷавононе, ки Иттиҳоди Шӯравиро надидаанд, муътақиданд, ки Русия як чизи ба дил наздик, худӣ аст. Ин дар хун аст ва ҳатто ривоятҳо дар бораи таҳқирҳои русҳо наметавонанд садде дар ин роҳ шаванд.
-Ҷавонони шуморо чӣ ба коми ин таҳқирҳо меандозад? Маълум мешавад, ки зиндагӣ дар Ватан боз ҳам бадтар аст?
-Ин ду сабаб дорад. Мардуми мо соҳиби фарҳанги бузурги бостонист, алломаҳое чун Рӯдакӣ, Бӯалӣ Сино, Ҷомӣ, Фирдавсӣ дорад. Аммо шумо дар онҳо зӯри бозуро мебинед, на ақлу заковатро. Зиёиёни мо ба Русия намеоянд, онҳо роҳи Чину Аврупою Амрикоро пеш гирифтаанд. Боре парвози ИМА доштам, дар паҳлуям зане, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов менишаст. Ҳини суҳбат ӯ гуфт: “Дар Маскав бояд ҳайкали тоҷикро дар даст ҷорӯб гузоранд. Тоҷикон моро аз ифлосиҳои чандсола наҷот доданд. Шунидани ин сухан аламамро овард, ҳарчанд гапи ҳақ буд. Ба Русия ҷавонони асосан аз деҳот меоянд. Онҳо пойбанди урфу одатанд, эҳтиром ба калонсолон доранд. Дар Русия бошад, худаш ба худаш хӯҷаин, дар ҳолати ғуломӣ ҳам бошад, барояш имтиҳон аст. Ӯ барои хонадор шудан, тӯю сур маблағ ҷамъ мекунад. Аммо ақлаш фаросаташ намерасад, ки пули коркардаашро ба тиҷорат гузорад. Пул,ки тамом шуд, боз роҳи Русияро пеш мегирад. Ман комилан муқобили чунин равуо ҳастам: бояд дар мулки худ зиндагии шоиста ба сар бурд, на ин ки ғуломи мардуми кишварҳои бегона бошӣ.
-Сабаби дуюм чист?
-Дар Тоҷикистон аз соли 1976 инҷониб сохтмони бузургтарин НБО дар минтақа-Роғун идома дорад, ки ту инро дидаӣ. Ду чархаи он фаъол шуд ва НБО ҳоло ба Афғонистоу Ӯзбекистон ва минбаъд ба Покистон барқ мефурӯшад. Як намояндаи Иттиҳоди Аврупо ба ман гуфт: “Ҳоло ҳамаи ҷангҳо дар ҷаҳон барои нефт аст, шумо нефти худро доред!” Яъне, НБО “Роғун”- манбаи бузурги энергия. Аммо ҳамсоякишвар муддати тўлонӣ имкон надод, ки онро ба кор андозем.
-Чаро?
-Душмании пешина, ки байни ҷумҳуриҳо замони шӯравӣ хомӯш гашта буд, баъд аз барҳамхӯрии СССР рӯ зад. Шояд коҳи кӯҳнаро бод кардан маънӣ надорад, аммо ту тақсимоти ҳудудии соли 1924-ро нағз медонӣ.. НБО “Роғун” ин роҳи халосии мост, Тоҷикистонро аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил месозад, саноат ва кишоварзиро рушд мебахшад, мардумро бо ҷои кор таъмин месозад. Бадхоҳоне буданд, ки инро намехостанд. Хушбахтона, ин ҳама паси сар шуд. Шаби торик ба субҳи содиқ иваз гардид.

Мусоҳиб Александр Росляков
Тарҷума аз www.roslyakov.ru

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *