Масква: Муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ба Ҳостел роҳ намедиҳанд

Ҳостел ё меҳмонсарои шабеҳи хобгоҳ бо номи «2Hostel2» дар шаҳри Москваи Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷойи хоб намедиҳад. Маъмури меҳмонсаро гуфт, «нозири минтақавӣ дар ин бора дастури шифоҳӣ додааст».

Хабарнигори нашрияи интернетии «Ридус» бо баргузории санҷише хост, се муҳоҷири тахайюлиро аз Ӯзбекистон дар ин хобгоҳ ҷо кунад. Аммо намояндаи меҳмонхона ба маҳзи шунидани он ки меҳмонон шаҳрвандони Ӯзбекистонанд, аз пазириши онҳо сарпечӣ намуд.

«Зеро онҳо бояд аз қайд гузаранд. Ҳатто агар барои як шабонарӯз ҳам меҳмон шаванд, мо бояд онҳоро ба қайд гирем. Онҳо ҳатто чаҳор рӯз ҳам меҳмон шаванд, муҳлати қайдашон мегузарад. Мо ба хадамоти муҳоҷират гузориш медиҳем, ки меҳмон хориҷ шуд. Ин барои онҳо мушкил эҷод мекунад. Қайди ҷои зисте, ки онҳо мегиранд, бекор мешавад. Онҳо бояд баъди берун шудан аз меҳмонсаро аз сари нав худро сабт кунанд», — шарҳ дод маъмурияти меҳмонсаро.

Корманди «2Hostel2» баъдтар илова кард, ки ҷо додани тоҷикону ӯзбекон барояш «дарди сар аст».

«Аз моҳи январ ба ин тараф нозири минтақаӣ мегардаду ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ҷой надиҳем. Онҳо беҳтар аст, дар Подмосква ҷойгир шаванд. Дар Подмосква муносибат бо онҳо беҳтар аст», — гуфт маъмури меҳмонсаро.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишварҳои дигар амсоли Украина, Молдова, Арманистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон, ки низ дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд, дар пайдо кардани хобгоҳ мушкилӣ надоранд.

Дар сомонаи интернетии меҳмонсарои «2Hostel2», ки дар хиёбони Нахимови Москва ҷойгир аст, то кунун эълони «Меҳмонсаро ба шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон ҷой намедиҳад» овезон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *