Мирзиёев барои муҳоҷирони ӯзбек хона медиҳад

Бар асоси фармони раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар соли 2020 барои муҳоҷирони кории ӯзбек, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, дар биноҳои баландошёна 3462 манзил дода мешавад.

Дар ин фармон таъкид шудааст, ки ин манзилҳо бо қарз дода шуда ва муҳоҷирон метавонанд қарзро дар давоми чанд сол бо пули рубли русӣ пардохт кунанд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар додааст.

Аҳолии Ӯзбекистон 33 миллион нафар буда, 19 миллиони онҳо қобилияти корӣ доранд. Аз ин миён 5,6 миллионашон дар Русия кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *