Молу ашё ва ҳуҷҷатҳои муҳоҷирини тоҷик ба коми оташ рафт

Ширкати русӣ ба беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки молу ашё ва ҳуҷҷатҳояшонро, дар натиҷаи як сӯхтор дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ, ки дар назди метрои “Расcказовка”-и шаҳри Маскав, аз даст доданд, кумак хоҳад кард

Каримҷон Салимзода, масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират, иттилоъ доод,ки  зимни суҳбат бо роҳбарияти иншооти мазкур Симонов А.А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарорсозии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби ин ширкат пардохт карда мешавад.

Ҳамчунин роҳбарияти ширкати мазкур дар таъмин кардани шаҳрвандон бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор намуданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 20 октябри соли равон дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ, ки дар назди метрои “Расcказовка”-и шаҳри Маскави Русия воқеъ гардидааст, сӯхтор ба амал омад.

Тибқи гуфтаи Каримҷон Салимзода, дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, 80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамин макони оташгирифта иқомат мекарданд.

“Дар натиҷаи сухтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафарашон ҳуҷҷатҳояшонро аз даст додаанд”, — қайд кард ӯ.

Ҳамзамон, масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират, ҳамчунин изҳор дошт, ки бо мақсади кӯмаки фаврӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, оқибати зарари расида ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва оқибатҳои рафъи мушкилоти дар натиҷаи сухтор ба миёномадаро муҳокима намуданд.

Гуфта шудааст, ки сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.