Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳоҷирон, зудтар баргардед,ки иқтисод касод аст!

Вазорати сохтмон бо зорӣ хоҳиш мекунад, ки вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия содда карда шавад, зеро барои сохтани иншоотҳои муҳим одамон намерасанд. 

Қаблан масъулини Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Русия бо чунин дархост ба мақомот муроҷиат карда буданд. Онҳо даъват кардаанд, ки «наҷотдиҳандагони иқтисодиёти мо» -ро ба кишвар зудтар роҳ диҳанд. Онҳо қайд мекунанд, ки 55 минтақаи Русия бо норасоии коргар дар сохтмонҳо рӯ ба рӯ шуданд.

Муовини сарвазир Марат Хуснуллин бо таассуф гуфт, ки музди меҳнат дар сохтмон аз аввали сол аз 50 то 80-90 ҳазор рубл афзоиш ёфт, аммо русҳо намехоҳанд ба «ҷойҳои корие, ки обрӯ намедиҳад» бираванд. Ӯро президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дастгирӣ мекунад. «Сокинони маҳаллӣ танбаланд ва аамо муҳоҷирон танбал нестанд» гуфтааст ӯ ба радиои Маскав — Ин одамон намехоҳанд воқеан кор кунанд, аммо мехоҳанд бидуни ҳеҷ коре пули хуб ба даст оранд”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.