Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ карданд

Намояндаи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо сардори Шуъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Шуъбаи полиси ноҳияи Советскии шаҳри Астрахан мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро дар ин минтақа баррасӣ карданд

Корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо Дмитрий Шелепов сардори Шуъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Шуъбаи полиси ноҳияи Советскии шаҳри Астрахан мулоқот намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирии зисти муваққатии муҳоҷиратӣ, қонунигардонии шаҳрвандон гуфтугӯ карданд.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ҷонибҳо масъалаи тартиби дарёфти машваратҳои ҳуқуқӣ, анҷом додани фаъолияти расмӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо аз ҳамкориҳои муштарак ва самарабахши мақомотҳои марбутаи Тоҷикистон ва Русия дар бахши муҳоҷиратӣ изҳори хушнудӣ намуданд.

Тарафҳо дар поёни мулоқот барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф ибрози назар карданд. Гуфта мешавад, ки тарафҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила изҳори омодагӣ намуданд ва барои мусоидат ба ҳали масъалаҳои муштарак изҳори омодагии худро баён карданд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.