Нигина Амонқулова маро бо занам душман кард

Номаи муҳоҷир ба «Tajikistan times»

Ман як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Перми Русия қарор дорам, ба он хотир ба редаксия муроҷиат карда истодаам, ки баъди тамошои навори консерти сарояндаи тоҷик Нигина Амонқулова дар зиндагиям нооромӣ сар зад. Бародари як рафиқам ҳафтаи гузашта ба наздамон коркунӣ омада, фиттаи консерти нави Нигина Амонқуловаро овард. Ману дӯстонам, ки ҳамаамон аз як маҳалла ҳастем, бо завқ дискро монда, хостем бо шунидани таронаҳои тоҷикӣ каме ҳам бошад, хастагиамонро барорем, вале баъди як суруд толорро намоиш доданду чашмам ба зани бо шавқ рақсидаистодае афтид, ки ба ҳамсари ман сахт монандӣ дошт. Ба дилам тухми шубҳа афтид ва ҳамон ҷои наворро чанд маротиба гаштаю баргашта тамошо карда, боварӣ ҳосил намудам, ки зани рақсида модари фарзандони ман аст. Нигина суруд мехонду зани бешарми ман тамоми аъзои баданашро ҷунбондаю ларзонда дар назди ҳазорон мардони бегона мерақсид. Ростӣ, замин накафид, ки дароям. Оҳиста аз ҷоям хеста ба берун баромадам ва баробари дарро пӯшиданам садои қаҳ-қаҳаи дӯстонамро шунида, як аламам сад алам шуд. Онҳо маро масхаракунон ба ҳолам механдиданд. «Имомбой тобу тоқати рақсҳои зани раққосаашро накарда баромада рафт» гуфтанашонро баръало шунидаму хун ба сарам зада, ҳамон замон ба ҳамсарам занг задам. Занам иқрор шуд, ки ба 250 сомонӣ чипта харида ба консерти Нигина рафтааст. «Ман дар ин ҷо ҷонамро дар хатар гузошта бо обилаи кафи даст чор танга пул ёфта ба хона мефиристаму ту бошӣ, маблағи бо хуни ҷигар коркардаи маро сарфи киною консерт мекардаӣ» гуфта занамро хуб дашному ҳақорат додам. Занам гунаҳкор бошад ҳам, ҷоғашро нагирифта: «ман мухлиси Нигина ҳастам, як бор ба консерташ рафтам, чӣ магар осмон омада ба замин часпид?!» гӯён, бо бидир-бидираш асабамро бештар хароб кард. Косаи сабрам лабрез  гашта дод задам: Ба ман чунин зани раққосаи кӯчагард даркор нест! Дафъ шуда баромада раву раққосаи Нигина шуда тӯй ба тӯй гард…

Дилам ба қавли мӯйсафедон бо ин ҳам тар нашуда, ба бародаронам занг задам ва кори аблаҳонаи янгаашонро гуфтам. Онҳо ба хонаи мо рафта, ҳамсарамро хеле коҳиш намудаанд, ки чаро аз шавҳарат напурсида консерт ба консерт мегардӣ. Занам қасам хӯрдааст, ки дигар бе иҷозат пояшро аз дарвоза берун намегузорад, вале ман дигар ба ҳамсарам бовар надорам. Ба бародаронам гуфтам, ки минбаъд пулро ба номи онҳо мефиристам, худашон рафта барои фарзандонам хӯроку пӯшок харида диҳанд. Ба занам дигар як тин намефиристам, бигзор фаҳмад, ки оқибати аз шавҳар пинҳонӣ ба консерт рафтан чист. Ин ҳодисаро барои он нақл кардам, ки танҳо ҳамсари ман не, аксари занҳои тоҷик чунин беандешаанд. Ҷони мо, мардон дар ин ҷо аз хунукии Русия ба лабамон расида барои зану фарзандонамон ҷон мекоҳонем, онҳо бошанд, ҳосили меҳнати моро дар як дам ба боди фано дода, консерт ба консерт мегарданд ё лашу луши беҳуда мехаранд. Дар диски консерти Нигина зани ман барин «раққосаҳо» бисёранд, Худо медонад, ки ин фита боз дар чанд оилаи тоҷик оташи ҷангу ҷидолро миёни зану шавҳар фурӯзон намудааст. Ақлатонро кор фармоед занҳо, вагарна барои консерт шуда, бе шавҳар мемонед!

Имом Алиназаров аз ш. Перми Русия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

62 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *