Парвозҳои мунтазами Тоҷикистон бо Қазоқистону Афғонистон барқарор шуд

«Тоҷикистон тасмим гирифт, ки парвозҳои доимиро бо Афғонистон ва Қазоқистон аз сар гирад”, -гуфт директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода ба «Азия-Плюс».

«Дар робита ба беҳтар шудани вазъи коронавирус дар кишвар ва дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус, парвозҳои мунтазами Тоҷикистон бо Афғонистон ва Қазоқистон аз сар гирифта шуд. Парвозҳо рӯзҳои наздик оғоз мешаванд ва чиптаҳо ба зудӣ фурӯхта мешаванд», — гуфт Субҳонзода.

Ба гуфтаи вай, парвозҳо дар самти Душанбе — Алмаато — Душанбе ва бозгашт аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» ва «Эйр Астана» сурат мегиранд. Ва дар самти Душанбе-Кобул-Душанбе ва бозпас — «Сомон Эйр» ва «Кам Эйр» ба  мусофирон хизмат мерасонанд.

 «Ҳар як ширкати ҳавопаймо ҳафтае як парвоз анҷом медиҳад. Дар оянда шумораи парвозҳо афзоиш хоҳад ёфт», — гуфт ӯ.

 Вай инчунин таъкид кард, ки дар ҷаласаи корӣ Агентӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ талаб кард, ки ба афзоиши беасоси арзиши чиптаҳои ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва арзиши чиптаҳоро дар доираи арзиши аслӣ ба танзим дароранд. Субҳонзода инчунин қайд кардааст, ҳамаи мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон, Афғонистон ва баръакс, аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон сафар доранд, бояд тамоми чораҳои бехатариро риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *