Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвози ҳавопаймо дар Ӯзбекистон барқарор шуд

Аз 15 июн дар Ӯзбекистон парвозҳои байналхалқӣ дубора ба роҳ мешаванд. Дар ин бора Комисияи махсуси ҷумҳуриявии Ӯзбекистон тасим гирифт.

Парвозҳо асосан бо кишварҳое барқарор мешаванд, ки вазъи муътадили беҳдоштиву эпидемиологӣ доранд. Аммо мувофиқи қарори комиссияи Ӯзбекистон, на ҳама имкон доранд, ки ба хориҷа парвоз кунанд. Бинобар ин,  ба афроди зерин иҷозати омаду рафт дода шудааст:

  1. Кормандони намоянадгиҳои дипломатӣ ва консулгарии кишварҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо;
  2. Мутахассисони ширкатҳои хориҷие, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд;
  3. Шахсоне, ки нияти табобат доранд;
  4. Афроде, ки нияти дидорбинии наздикони беморашонро доранд;
  5. Шахсоне, ки тавассути Ӯзбекистон нияти сафар ба кишвари севумро доранд;
  6. Афроди хориҷие, ки дар Ӯзбекистон қайди ҷои зист доранд.

Ғайр аз ин, ҳамчунин, тариқи Ӯзбекистон мешавад,  ки барои таҳсил ва ё кор ба кишварҳои дигар парвоз кард.

Парвозҳое ки аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба Ӯзбекистон анҷом мешаванд, «сабз» унвон шудааст. Касоне, ки аз ин кишварҳо вориди Ӯзбекистон мешаванд, аз карантин озод ҳастанд.

Парвозҳои Иттиҳоди Аврупо, Малайзия, Таиланд ва Сингапур «зард» унвон шуда, мусофирони ин кишварҳо 14 рӯз ба карантини хонагӣ гирифта хоҳанд шуд.

Парвозҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Эрон, Афғонистон, Русия ва кишварҳои боқимонда «сурх» баҳо дода шудааст. Мусофирони ин самтҳо ба карантини ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.