Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Путин муҳлати будубоши муҳоҷиронро тамдид кард

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои як фармон сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи пандемияро тамдид кард.

 Тибқи фармон, ба хориҷиёне, ки муҳлати муваққатии будубош ё иқомати доимиашон ба охир мерасад, то 15 сентябр метавонанд дар Русия ҳузур дошта бошанд.

Дар феҳристи санадҳое, ки муҳлати амалашон то 15 сентябр тамдид мешавад, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ – РВП, санади иқомат–ВНЖ, раводид, қайд дар ҷои истиқомат, сабт дар мақомоти муҳоҷират, шаҳодатномаи паноҳандагӣ ва санади кӯч ба Русия ном бурда шудаанд.

Аммо дар мавриди патент ва иҷозатномаи кор таъкид шудааст, ки баъд аз 15 июн кор бидуни ин аснод иҷозат дода нахоҳад шуд. Афроде, ки хоҳиши кори қонунӣ доранд, бояд ҳаққи патенту иҷозатномаи корро пардохт кунанд. Тибқи фармони қаблӣ кор бидуни патент то 15 июн иҷозат дода шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.