Русия: марги 19 ӯзбек дар як садама (Видео)

Бар асари бархӯрди автобуси мусофирбар бо қатори роҳи оҳан дар ҳудуди вилояти Владимири Русия 21 нафар – ду ронандаи қазоқ ва 19 мусофири узбек ба ҳалокат расида, 32 мусофири дигари ин автобус, ки ҳамаашон аз Осиёи Марказӣ ба Русия меомаданд, зинда мондаанд.

Пулиси вилояти Владимир мегӯяд, фоҷиа соати 03:39-и шаби 6 октябр дар ҳудуди ноҳияи Петушинои ин вилоят рух додааст. Қатори роҳи оҳани Санкт-Петербург – Нижний Новгород дар назди истгоҳи «Покров” бо суръати баланд автобуси мусофирбари «Мерседес” бо рақамҳои Қазоқистонро пахш карда, ба масофаи даҳҳо метр кашида бурдааст.

Ин автобус бо вуҷуди чароғи сурх ба ҳаракаташ идома дода, аз қазо дар рӯи роҳи оҳан муҳаррикаш аз кор мондааст. Ронанда ва як қисми мусофирон берун баромада, кӯшиш кардаанд, ки автобусро аз роҳ тела дода бароранд, вале ин муяссарашон нашудааст.

Гуфта мешавад, навбатдори роҳ дар рӯи роҳи оҳан дармондани автобусро дида, бонги изтироб бардоштааст. Ронандаи қатор системаи тормозро ба кор даровардааст, вале ба сабаби кӯтоҳ будани фосила натавонистааст қатори суръаташ баландро дар фосилаи ҳамагӣ 300 метре, ки то автобус монда буд, манъ кунад.

Автобус баъди ин бархӯрд ба як ғарами оҳанпора табдил ёфтааст. Аз мусофироне, ки дар дохили автобус монданд, 19 нафар ва ҳамчунин ду ронандаи қазоқ ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар, бо шумули ду кӯдак дар бемористони марказии ноҳияи Петушино бистарӣ карда шудаанд. Аз ин садама танҳо ҳудуди 30 нафаре, ки барои тела додани автобус берун баромада буданд, ҷон ба саломат бурдаанд.

Касе аз мусофирони қатори роҳи оҳан осеб надидааст, вале локомотиви ин қатор хароб шудааст.

Автобус аз ноҳияи Қазоқистони ҷанубӣ муҳоҷирони корӣ, асосан шаҳрвандони Узбекистонро ба Русия меовард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *