Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Се захмию як кушта. Ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия

Дар  минтақаи Новая Москва шахсони номаълум ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамла кардаанд.

Дар натиҷа, се нафар маҷрӯҳ ва як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Ба ҷои ҳодиса тақрибан  200 корманди ҳифзи ҳуқуқ сафарбар шудаанд.

 Дар ин бора  агентии иттилооти ТАСС менависад. Ин хабаргузорӣ бо такя ба манобеи худ дар сохторҳои тафтишотӣ менависад, ки ба ин нафарон бо корду силоҳ ҳамла кардаанд. Як манбаъ гуфтааст, ки ҳодиса шаби 27-уми март дар минтақаи Новая Москва рух дод. Ӯ гуфтааст: “Дар суроғаҳои мухталиф ҳамла ба ҳадди аққал чор шаҳрванди Тоҷикистон рух дод. Се нафарашон бо корд захмӣ шуда, ду нафарашон инчунин аз тири туфанг ҳам маҷрӯҳ шуданд. Инчунин, мошине пайдо шуд, ки дар дохилаш ҷасади инсон бо ҷароҳатҳои корд буд”.

ТАСС иттилоъ медиҳад,  кормандони мақомомоти милитсия тахмин мекунанд, ки ин қазия ба моҷарое дар ҳудуди бозори азими “Фуд Сити” рабт дорад, ки дар Калужское шоссе ҷойгир мебошад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон  то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.