Суд Зоировро барои ДИИШ зиндонӣ кард

Суди  шаҳри Кургани Русия охири ҳафтаи гузашта Ҷумъахон Зоиров, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми паҳн кардани наворҳои видеоӣ дар бораи “Давлати исломӣ”, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ ин шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки то ниҳоӣ шудани ҳукми суд 6 моҳ дар боздоштгоҳи муввақатӣ ба сар будааст, наворҳои дорои муҳтавои террористиро дар саҳифаи “Вконтакте” нашр кардааст. Ҳангоми тафтишот муайян шудааст, ки Ҷумъахон Зоиров аз моҳи октябри соли 2012 то моҳи апрели 2016 дар замонҳои гуногун даст ба чунин кор задааст.
Аммо Алесандр Ковалский, вакили мудофеи Зоиров ин ҳукмро ноодилона хонда, изҳор доштааст, ки нафари таҳти ҳимояи ӯ танҳо наворҳои видеоиро дар телефони худ тамошо кардааст: “Ӯ надонистааст, ки наворҳо пас аз тамошо кардан дар сафҳааш мемонанд. Ӯ аз ноогоҳӣ ва танҳо барои қонеъ кардани ҳисси кунҷкобияш наворҳоро зер кардааст”.
Ковалский таъкид намудааст, ки зерҳимояаш аз нозукиҳои кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ хуб огоҳ нест ва забони русиро низ хуб намедонад: “Ӯ дар ягон ҷо шахсан ба ҷонибдорӣ аз ДИИШ изҳори назар накардааст ва баръакс баъзан видеоҳоеро тамошо мекардааст, зидди ДИИШ-анд. Ягон далел, ки зерҳимояи ман ҷонибдори ДИИШ аст, пешниҳод нашудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *