Таксирони тоҷикро куштанду қарздор бароварданд (Видео)

Хуршед Ҷӯраев, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки дар шаҳри Маскав такси меронд, шаби 17 декабр дар ҳавзаи Восточнийи пойтахти Русия кушта шуд. Ҷанозаи ӯро рӯзи 20 январ оварда, дар Хуҷанд ба хок супурданд. Аммо матбуоти Русия дар шарҳи қатли ин муҳоҷири тоҷик менависад, ки ӯро гӯё барои 200 ҳазор рубл қарзаш куштаанд. Наздикони Хуршед ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд, ки ин як даъвои пойдарҳавост ва қотилеро, ки Хуршедро кушт, на мешиносанд ва на аз вай қарзе доштанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар саҳифааш дар шабакаи Твиттер сабти лаҳзаи қатли таксирони тоҷик Хуршед Ҷӯраев дар шаҳри Маскавро аз видеокамераҳои назоратӣ нашр кардааст.

Дар видео дида мешавад, ки Хуршед Ҷӯраев баъди корд хӯрдан марди ҳамлагарро каме таъқиб мекунад ва сипас ба назди мошинаш баргашта, ба курсии пеш мешинад ва телефонашро ба даст мегирад. Хуршед баъди ин аз мошин берун шуда, мехоҳад бо телефон занг занад, вале баногоҳ аз по меафтад. Баъди дар рӯи роҳ афтодани Хуршед, қотили ӯ ба назди мошин бармегардад ва бо ин мошин аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Аз сабти видеокамераҳои назоратӣ бармеояд, ки Хуршед шаби 17 январ, соати 20:05 мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҷасади дар рӯи роҳи пурбарф афтодани Хуршед Ҷӯраевро наздиконаш баъди тақрибан 8 соат – соати чори субҳи 18 январ дар яке аз ҷодаҳои ҳавзаи Восточнийи шаҳри Маскав пайдо карданд.

Кумитаи тафтишоти Русия ин видеоро «Убил из-за долга и угнал машину” («Одамро барои қарз кушту мошинашро рабуд”) ном дода, дар шарҳи зери он аз қавли гумонбари боздоштшуда менависад: «Задержанный рассказал, что убил из-за 200 тыс. рублей, которые потерпевший ему не возвращал.” («Боздоштшуда нақл кард, ки ҷабрдидаро барои 200 ҳазор рубл қарзе, ки баргардондан намехост, куштааст.”)

Ин фарзияро, ки гӯё таксирони тоҷик Хуршед Ҷӯраевро барои қарз куштаанд, нашрияҳои дигари Русия, аз ҷумла телевизиони «Москва24” низ доман задаанд.


Аммо Равшан Ҷӯраев, бародари калонии Хуршед, ки низ мисли ӯ дар Маскав такси мезад, рӯзи 23 январ дар мусоҳиба бо сомонаи «Ахбор” гуфт, ки иддаои барои қарздор буданаш кушта шудани Хуршед даъвое подарҳаво буда, ягон асос надорад: «Як нафари пешсудшударо бо номи Дима дастгир кардаанд ва ӯ барои сафед кардани худаш ин афсонаро бофтааст, ки гӯё як сол пеш мошинашро ба Хуршед ба иҷора дода буду вай ба садама афтода, мошинро тахриб кард ва пули мошини ӯро надода, гурехт. Хуршед бо мошини тамғаи «Ниссан-Алимеро” такси мезад. Ин мошин аз худи мо буд ва фақат барои инки мо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи бо мошини худ такси рондан надоштем, ин мошинро ба номи як дӯсти русамон сабти ном карда будем. Он одамеро, ки Хуршедро кушт, мо бори аввал мебинем ва ҳеҷ муомилае бо ӯ ягон вақт надоштем. На ман, на Хуршед. Он шаби наҳс Хуршед ин муштариро тавассути хадамоти «Яндекс-Такси” ёфта буд. Ӯ аз куҷо медонист, ки қотилашро савор карда истодааст?”

Чанд дақиқа пеш аз кушта шуданаш Хуршед ба Равшан занг мезанад ва хабар медиҳад, ки хуб аст, хавотир нашаванд. «Вале дилам паёмади бадеро эҳсос кард ва баъди 3-4 дақиқа гашта, ба Хуршед занг задам. Аммо телефонаш алакай куштагӣ буд. Бачаҳоро ҷамъ кардем ва ба ҷустуҷӯяш баромадем. Фақат соати чори субҳи ҷумъа ҷасадашро пайдо кардем,” – қисса мекунад Равшан Ҷӯраев.

Равшан тобути бародарашро субҳи 20 январ ба Хуҷанд овард ва худи ҳамон рӯз Хуршедро дар оромгоҳи маҳаллаи Гулистон ба хок супурданд. Аз Хуршед, ки ҳамагӣ 35 сол дошт, як писари 5-сола ятим монд.

«Аз соли 2004 инак 15 сол боз ҳар сол барои кор ба Маскав мерафтем. Бори охир Хуршед моҳи август, баъди тамом шудани Ҷоми ҷаҳонии футбол рафт ба Маскав. Ният дошт, ки ягон моҳи дигар кор кунаду баҳор ба Хуҷанд, пеши зану фарзандаш баргардад ва каме истироҳат кунад. Хуршеди азизи мо аз куҷо медонист, ки ин қадар зуду дар даруни тобут ва ин дафъа барои доим бармегардад ба Ватан…” – мегӯяд ашк дар чашм Равшан Ҷӯраев.

Ба гуфтаи ӯ, мисли Хуршед ҳар сол даҳҳо таксирони тоҷик дар Русия қурбони чунин ҳамлаҳо мешаванд, вале касе дар ин бора бонги изтироб баланд намекунад. Ӯ мегӯяд, бародари ӯро куштанд, вале бо даъвоҳои подарҳаво боз худашро гунаҳкор карда истодаанд, ки гӯё қарздор буду ӯро барои қарз куштаанд.

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *