Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Телефони боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ фаъол шудааст, ки тибқи тартиби муайншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 ба вақти Маскав фаъолият мекунад.

Ба иттилои  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ телефони боварӣ аз ҷониби намояндагии вазорати мазкур дар Русия барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон тавассути рақами +7(495)9679844 ба мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнат, шарҳи қонунгузории ин кишвар метавонанд тамос гиранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.