Вазири меҳнат:Русия барои бозгашти муҳоҷирон шартҳои худро гузошт

Вазири меҳнат гуфт, ки аз ширкатҳои Русия дархостҳои зиёд барои ҷалби муҳоҷирони тоҷик гирифтаанд,

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар рӯзҳои 8 ва 9-уми феврал,Русия исрор кардааст: “Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд.” Дар ин ҷаласа худи Амонзода низ ширкат доштааст.

Русияву Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 барои роҳ надодан ба сирояти коронавируси нав парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо байни ҳамдигарро қатъ карданд. Қатъи рафтуо сабаби он шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Русия барои кор мерафтанд, аз ин имкон маҳрум шуданд.

Амонзода ҳамчунин гуфт, ки дар ду моҳи ахир дар Тоҷикистон “ягон мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт нашудааст.” Вазири меҳнат гуфт, аз ширкатҳои Русия дархостҳои зиёд барои ҷалби муҳоҷирони тоҷик гирифтаанд, вале “ба сабаби баста будани марзҳо ва мунтазам набудани парвозҳо ва иҷозати вуруд надоштани шаҳрвандони аксар давлатҳо, иҷрои ин кор ғайриимкон аст.”

Ба гуфтаи вазорати тандурустӣ , то кунун 13308 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва 90 нафари онҳо фавтидаанд.Бо инки COVID-19 дар Тоҷикистон аз байн рафтааст ё не, аммо ин беморӣ боис шудааст, ки роҳи ҳазорҳо муҳоҷир ба Русия баста шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *