Вазнинии нав ба сари муҳоҷир

Дар Тоҷикистон ташхиси каронавирус дубора пулакӣ шуд. Аз ин ба баъд аз сокиноне, ки азми сафар ба хориҷи кишвар доранд, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 120 сомонӣ барои ташхис гирифта мешавад.

Қаблан, моҳи декабри соли 2020, баъди он ки омори расмии гирифторӣ ба COVID-19 ба поён расид, фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар бораи ба таври ройгон гузарондани ташхиси каронавирус (ПЦР) ба ҳамаи сокинон дар озмоишгоҳҳои ҳудуди кишвар содир шуда буд.

Аммо бо гузашти беш аз як моҳ ин фармони вазири тандурустӣ аз эътибор бозмонда ва шурӯъ аз 12 январи соли ҷорӣ озмоиши каронавирус дубора пулакӣ шудааст.

Манобеи расмӣ хабар медиҳанд, ки пулакӣ шудани нархи ташхис дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 будааст.

“Вазорати тандурустӣ якҷо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи хизматрасонии ҳуҷраҳои вирусологӣ, ки аз ҷониби кормандони тиб дар фурудгоҳ ва сарҳадҳо амал мекунанд ба таври музднок ба роҳ монда шавад. Бо фармони вазири тандурустӣ ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши ташхиси COVID-19, дар озмоишгоҳҳои давлатӣ дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар, 120 сомонӣ муқаррар шудааст», — омадааст, дар протоколи ситод.

Ба фарқ аз озмоишгоҳҳои давлатӣ, арзиши ин намуд ташхиси каронавирус дар ширкатҳои хусусӣ аз ҷумла «Луқмони Ҳаким» ва «Диамед» 160 сомонӣ будааст. Ин намуди ташхис дар озмоишгоҳҳо аз луоби даҳон гирифта мешавад ва давоми 6-8 соат муайян шуда, давоми 72 соат ва ё 3 шабонарӯз эътибор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *