Милисаҳо ба эътирозгарон пайвастанд. Қазоқистонро боз чӣ интизор аст?

Дар Алмаато бархе аз маъмурони пулис, ки тазоҳургаронро боздошт мекарданд, ҷонибдори эътирозгарон шуданд. Дар ин бора “Комсомолская правда” хабар дод.
Дар наворҳои нашршуда дидан мумкин аст, ки афсарон бо эътирозгарон дар маркази шаҳр сайругашт мекунанд ва бархе аз кормандони интизомӣ бо онҳо дар мошинҳо ҳаракат доранд.
Тавре Orda.kz иттилоъ медиҳад, маъмурони пулиси шаҳри Актобаи Қазоқистон низ ҷонибдори тазоҳургарон шуда, гуфтаанд, ки онҳо «бо мардум ҳастанд» ва «даст бар зидди мардум боло карданӣ нестанд».
Ёдовар мешавем, ки тазоҳуркунандагон дар робита ба якбора боло рафтани қимати газ ба хиёбонҳо рехтанд. Дар пасманзари нооромиҳо президенти Қазоқистон Қосим Ҷомард Токаев дар Алмаатову вилояти Мангистау ва баъдан дар вилояти Алмаато вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кард, то тартиботи ҳуқуқӣ барқарор шавад.
Аммо тавре сомонаи kp.ru навиштааст, эътирозҳо ҳанӯз ҳам идома доранд.

Президенти Қазоқистон истеъфои ҳукуматро пазируфт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *