Милисае, ки аз тири ӯ Меҳроншо ҳалок гардид, боздошт шуд

Парванда кушодаанд ва таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст. Маъмури милиса барои аз беэҳтиётӣ тир холӣ кардан, ки боис ба марги Меҳроншо шуд, гумонбар аст

Амаки Меҳроншо Ҷумъаев, афсари милисае, ки рӯзи 7-уми феврал дар ноҳияи Панҷи Хатлон аз тири силоҳ ҷон бохт, Холиқназар Ҷумъаев ба pressa.tj гуфт, ки дар робита ба марги ҷиянаш «як ҳамкораш дастгир шудааст».
Пештар мақомот ин ҳодисаро тасодуф номиданд ва тафсилот намедиҳанд. Аммо амаки Меҳроншо гуфт,ки маъмури Шуъбаи корҳои дохилии Панҷ бар асоси моддаи «куштор аз беэҳтиётӣ»нисбати боздоштшуда парванда боз кардаанд.
«Парванда кушодаанд ва таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст. Маъмури милиса барои аз беэҳтиётӣ тир холӣ кардан, ки боис ба марги Меҳроншо шуд, гумонбар аст», — мегуяд Холиқназар Ҷумъаев.
Меҳроншои 25-сола рӯзи 7-уми феврал дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ ҷон бохт ва рӯзи душанбе дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, дафн карда шуд.
Наздикони Меҳроншо Ҷумъаев гуфтанд, дар оғоз ба онҳо низ ҳамин гап гуфта шуд, вале ҳақиқати ҳолро дар ноҳияи Панҷ фаҳмиданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон то ҳол расман дар ин бора гузориш надодаанд.
Холиқназар Ҷумъаев мегӯяд, пайвандони корманди милисае, ки «аз беэҳтиётӣ» бародарзодаи ӯро парондааст, аз онҳо узр пурсиданд, то аз гуноҳи фарзандашон гузаранд. Хонаводаи Меҳроншо Ҷумъаев гуфтаанд, ҳодиса мувофиқи қонун баррасӣ карда шавад.
Меҳроншо Ҷумъаев 7 моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *