Халиҷи Форс

Минтақаи озоди Чин дар Халиҷи Форс  

Вазорати корҳои хориҷии Чин аз тасмими ин кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Арабистони Саудӣ ва ташкили минтақаи озоди тиҷоратии «Чин — Халиҷ (Форс)» хабар дод.

Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Чин, ки нашр шуд, номи Халиҷи Форс танҳо «Халиҷ» зикр шудааст, зеро қаблан баёнияи сарони Чин ва ҳафт кишвари арабӣ дар авоили моҳи декабр дар пойтахти Арабистони Саудӣ эътирози сахти Эронро барангехта буд.

Ҳамзамон, Муҳаммад бин Салмон — валиаҳди Арабистони Саудӣ пас аз мулоқот бо Си Ҷинпин масъалаи ташкили минтақаи тиҷоратии Чин ва кишварҳои араби ҳавзаи Халиҷи Форсро мавриди гуфтугӯ қарор додааст.

Арабистон он замон эълон кард, ки дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Чин ба Риёз дар бораи сармоягузории 50-миллиарддолларии ин кишвар дар Арабистони Саудӣ ба созиш расидаанд.

Кин Гонг — вазири корҳои хориҷии Чин дар гуфтугӯи телефонии рӯзи сешанбе бо ҳамтои арабистонии худ гуфтааст, ки «кишвараш мехоҳад робитаҳои зичтаре бо Арабистони Саудӣ барқарор кунад” ва «дар зудтарин фурсат» минтақаи озоди тиҷоратии «Чин — Халиҷ (Форс)» ташкил хоҳад шуд.

Охирин омори гумрукии Чин нишон медиҳад, ки ин кишвар дар 11 моҳи соли 2022 беш аз 72 миллиард доллар воридот аз Арабистони Саудӣ доштааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 чил дарсад бештар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *