Миралӣ Муродов аз даҳ бозӣ маҳрум шуд
Дарвозабони «Хайр»-и Ваҳдат Миралӣ Муродов, ки ҳангоми вохӯрии дастаашон бо тими «Ҳосилот»-и Фархор дар даври охирини давраи аввали Чемпионати 25-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 19 июн барои бо сараш сардовари бозӣ Сайвали Турдиев зада буд, бо қарори Кумитаи назоратӣ-инизомии ФФТ аз иштирок дар 10 бозӣ маҳрум ва ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд.
Ҳамчунин, бо қарори Кумитаи назоратӣ-инизомии ФФТ футбулбозони дастаҳои «Парвоз» — Ёқуб Самадов, «Хайр» — Маҳмадалӣ Содиқов, «Барқчӣ» — Табрези Давлатмир, «Регар-ТадАЗ» — Фарҳод Эргашев, «Равшан» — Насимҷон Исоев, «Сомон» — Хуршед Ҳалимову Самандар Шарипов, «Ваҳдат» — Фазлиддин Сафаров, «Локомотив» — Зайдулло Одинаев, «Кӯктош» — Фазлиддин Сафарзода ва «Ҳулбук» — Шоҳин Ҷалилов барои шикастани қоидаҳои бозӣ ва дағалрафторӣ аз чанд бозӣ маҳрум гардида, ҷаримабандӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ