Мироҷ Абдуллоев: Курсии Шабдоловро иваз намекунам!

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон нафареро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард, ки аксарият ӯро  чеҳраи ношинохта дар сиёсат ном мебаранд. Аммо Мироҷ Абдуллоеви 73 — сола, ки баъд аз шаш соли нафақа баромадан раиси ҲКТ  Тоҷикистон интихоб шуд, назари дигар дорад…

Дар остонаи интихоботи президентӣ суҳбате доштем бо раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва номзад ба курсии президентӣ Мироҷ Абдуллоев, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мекунем.

-Ҳизби коммунисти Тоҷикистон анҷумани худро  аз ҳама охир гузаронд. Тақрибан давоми як ҳафта 265 000 имзоро ҷамъ овардед. Бисёриҳо ба ин шубҳа доранд.

-Хато мекунанд. Ситоди мо аз 6-уми сентябр корро шурӯъ кард ва дар вақти ҷамъоварии имзоҳо мушкилӣ надоштем. Ҳатто вақте ки имзоҳоро ҷамъбаст карда, ба КМИР пешниҳод мекардем, боз имзоҳои иловагӣ аз минтақаи Қӯрғонтеппа меомаданд. Ҳанӯз ҳам халқ нисбати коммунистон таваҷҷуҳ дорад.

-Шумо дар барномаи пешазинтихоботии худ гуфтаед, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил ройгон карда шавад. Пӯшида нест, ки имрӯз қариб тамоми макотиби олии Тоҷикистон худмаблағгузоранд. Ҳадаф аз ин пешниҳодатон чист?

-Бале. Бояд мисли замони шӯравӣ донишҷӯён дар муассисаҳои олӣ ройгон таҳсил кунанд. Зеро дар шароити имрӯз на ҳама имкони пардохти маблағро доранд. Дар бештари маврид волидайн маблағро қарз карда, барои таҳсили фарзандашон месупоранд. Дар ин ҳолат муваффақият ба даст овардан мушкил аст. Шахсоне, ки пул доранд, моликият доранд ва бо дигар роҳҳо маблағ меёбанд, метавонанд дар дилхоҳ донишгоҳ таҳсил кунанд. Аммо халқи одӣ ва меҳнаткаш чӣ кор кунад? Албатта, дар ин ҳолат вазнин аст. Имрӯз на ҳамеша имтиҳони қабули довталабон ба фанҳои таълимии мактаби миёна мувофиқат мекунад. Довталаб ҳамагӣ чанд рӯ то оғози имтиҳон чанд варақро қориазёд мекунад, холи заруриро ба даст оварда наметавонад. Бинобар ин, ман мехоҳам дар соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддӣ сурат гирад, ба қишри камбизоати аҳолӣ ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои олӣ имтиёз дода шавад.

-Солҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доштед. Ба нафақа баромадед, 5-6 сол аз соҳа канор рафтед. Аммо ғайричашмдошт раиси ҳизб интихоб шудед, ки бисёриҳо инро як амали тарҳрезишуда номиданд.

-Ман аз соли 1961 ҳангоми хизмати аскарӣ дар Чехославакия узви Ҳизби коммунист шуда будам. Ҳеҷ гоҳ аз ҳизб берун нашудаам. 38 сол дар соҳаи орган кор кардам ва узви ҳизб будам. Дар оинномаи ҳизб омадааст, ки  аъзои ҳизб дар вақти фаъолият метавонад аъзоигиашро боздорад ё надорад. Аммо ман доимо дар қайд будам. Вақте ки дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ кор мекардам, баъди ба нафақа баромадан, истироҳати дуруст накардаам. Зеро роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро дар Кӯлоб бар зимма доштам. Баъдан 22 апрели соли 2017 дар анҷумани ҳизб раис интихоб шудам. Бетаҷриба ва тасодуфӣ ҳам нестам. Таҷрибаи пурраи фаъолият дар ҳизбро дорам.

-Шодӣ Шабдолов наздики 24 сол раиси ҳизб буд. Имрӯз муносибати шумо бо ӯ чӣ тавр аст?

-Албатта, робитаи хуб дорем. Ҳамдигарро нағз мешиносем. Нисбати Шодӣ Шабдолов эҳтироми зиёд дорам. Ӯ узви ҳизб аст,  аъзоҳаққиашро месупорад. Коммунисти матин ва дар мавқеаш устувор аст. Солҳои зиёд дар парлумон фаъолият кард, аммо аз кори ҳизб дур нашуд. Вақте ки роҳбари ташкилоти ҳизб дар Кӯлоб будам, пайваста наздаш меомадам.

-Ҳоло чӣ? Машварат медиҳад?

-Шодӣ Шабдолов  ҳозир ба китобнависӣ машғул аст. Ба кори ҳизб ҷалб намекунем. Таҷрибаи худамон кифоягӣ мекунад. Кори ҳизб ҳам рӯ ба беҳбудист.

-Беҳбудиро дар чӣ мебинед? 

-Ҷалби ҷавонон ба ҳизб, ҳамкории ҳизб бо дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ хуб шуда истодааст. Умуман, коммунистон ба ҳизб таваҷҷуҳи зиёд доранд.

-Се сол шуд, ки раиси ҳизб ҳастед. Дар курсие нишастед, ки қаблан дар он Шодӣ Шабдолов такя мезад. Он хеле фарсуда менамояд. Чаро иваз намекунед?

-Ягон чизро иваз накардам. Ҳар чӣ ҳаст, аз давраи Шодӣ Шабдолов аст. Ҳамин гуна меистад ва он рамзист, бояд иваз нашавад. Фақат чанд расмро дар утоқе, ки ҳоло нишастаам, иваз кардам.  Ин аксҳо бо Геннадий Зюганов ва муовинаш, Низорамоҳ Зарипова ва дигар чеҳраҳои таърихӣ мебошад, ки хотиравист.

-Ҳоло аъзои ҲКТ чӣ қадар аст?

-Беш аз 35 ҳазор аъзо дорем. 17-20 фоизашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

-Оё дар минтақаҳо дафтари корӣ ва намояндагӣ доред?

— Рости гап, вақте ки ман омадам, дар шаҳру ноҳияҳо, махсусан минтақаи Хатлон утоқҳои кории ҳизб набуданд. Бо дастгири мақомот ин муаммо ҳал шуд. Дар минтақаи Рашт бошад, ҳоло дар ин самт кор карда истодаем. Зеро аз соли 1993 ин ҷониб ҳизб дар Рашт аз фаъолият монда буд. Талош дорем, ки фаъолият ва намояндагии ҳизбро дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷоннок намоем.

-То ҷое огоҳем, ҳамагӣ 17 нафар дар дафтари марказии Ҳизби коммунист кор мекунанд. Зарурият дар чист, ки як бинои калони  Суди иқтисодии пойтахтро банд намоед?

-Асосан ин бинои ҳизби мо аст. Азбаски дар дафтари марказии ҳизб кам коргар доред, ошёнаи дуюми ин бино бароямон басанда аст. Толори калони ин биноро гирифта, таъмир кардем. Раҳмат ба Ҷаноби Олӣ, ки ба тамоми ҳизбҳо ҳуқуқи баробар додаанд. Мо дастгирии давлатро ҳис мекунем. Зимнан, мо ҳам ҳамеша сиёсати давлатро дастгирӣ мекунем. Зеро барномаи пешазинтихоботии ҳизб ҳам барои некуаҳволии халқ ва пешрафти кишвар аст. Ҳозир қариб 80 фоизи барномаи мо аз ҷониби давлат иҷро шуда истодааст.

— Имрӯзҳо шумо ва ҳизбатонро “идорашаванда” ном мебаранд. Худатон чӣ мегӯед?

-Ҳамаи инсон идорашаванда аст. Аммо он чӣ расонаҳо менависанд ва  мардум андеша доранд, мо рафтор намекунем. Ҳамеша ҷонибдори сиёсати давлат ҳастем ва дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият мекунем. Дар мо ҳеҷ таъсири беруна нест. Се сол шуд, ки раиси ҳизб ҳастам, ягон маротиба фишорро надидам. Баръакс, дастгириро эҳсос мекунем. Қаблан чӣ хел буд, намедонам, аммо вақте ки имрӯзҳо ба шаҳру ноҳияҳо сафар мекунем, мардум хуш истиқбол мегиранд. Баъзе ҳайкалҳои Ленинро, ки дар шаҳру ноҳия буданд ва ба ҷояш пояи парчам насб карданд, дубора барқарор карда истодаем. Масалан, дар ноҳияи Қубодиён, Фархор, шаҳри Норак ва дар маҷмӯъ 64 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳайкалҳои Ленинро дубора барқарор мекунем.

Тоҷикон дар бораи президентшавандаҳо чӣ медонанд?

-Коммунистҳо аъзоҳаққӣ месупоранд? Он чӣ қадар аст?

— Аъзои ҳизби мо аз ҳисоби даромади худ 1 фоиз аъзоҳаққӣ месупоранд. Рости гап дар масъалаи маблағ танқисӣ мекашем, зеро  бештари коммунистон нафақахӯранд. Мо ҳам талаб намекунем, бархеашон касалманд ҳастанд. Аммо мувофиқи оинномаи ҳизб аъзоҳаққӣ бояд супорида шавад.

-Феълан дар суратҳисоби ҳизб чӣ қадар маблағ ҳаст?

-Инро гуфтан мумкин нест. Каму зиёд мешавад.

-Имрӯзҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар мекунед, бо интихобкунандагон вомехӯред. Мардум чӣ мушкил доранд ва бо кадом масъала ба шумо муроҷиат мекунанд?

-Бештар масъалаҳои иҷтимоист. Яке аз мушкилоти  ҷойдошта, ин пеш аз ҳама, набудани назорат аз болои нархи маҳсулот аст. Инчунин,  ҳуқуқи коллективи меҳнатӣ риоя намешавад. Дар замони шӯравӣ вазифаи назароти халқӣ буд, ки дар назди корхонаву идора ва мақомот ёрдамчӣ буд. Тамоми нархи маҳсулот ва хизматрасониҳоро санҷиш ва назорат мекард. Ҳатто мақомот аз назоратчии халқ метарсиданд. Яъне, ин вазифаи ҷамъиятист, ки патриот будани шахсро нишон медиҳад. Имрӯз маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз ҷумла кишоварзӣ назорату танзим мехоҳад. Зеро нарх ҳар лаҳза тағйир ёфта, зарба ба ҷайби мардум мезанад.

-Ба номзади президентӣ  аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон чӣ назар доред?

-Тоҷикҳо масале доранд: каҷ шину рост гӯй. Ошкоро мегӯям, ки ӯ заҳматкаш ва сазовор аст. Ман қаблан ва дар давраи раиси ҳизб ҳам ба давлатҳои зиёд сафар кардаам. Дидам ва шукрона мегӯям, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба пешравиҳо ноил шуд. Ин сухану хушку шӯхӣ нест, ҳамаи ин ба роҳбарии Президенти кишвар Эмомомалӣ Раҳмон ба даст омад. Кишвари ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон 40 сол шуд, ки дар хоку хун оғушта аст. Афғонистон давлати камбағал нест, аммо оромӣ ва субот надорад.

-Агар фурсати бо номзади президентӣ аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рӯ шудан ояд, чӣ мегӯед?

-Суол намедиҳам. Тамоми ҳизбҳоро ба муттаҳидӣ даъват мекунам. Аз ин зиёд намегӯям.

-Дар интихобот мағлуб шавед, рӯҳафтода намешавед?

-Ҳеҷ гоҳ. Кори худамро идома медиҳам.

Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *