Мирзомуддиновро дар Хуҷанд ба хок супурданд
Илҳом Мирзомиддинов, собиқ декан ва устоди Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар синни 61 — солагӣ аз олам даргузашт
Мирзомиддинов Илҳом Мирзоевич соли 1960 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Марҳум Донишгоҳи техникии шаҳри Душанбе ба номи М. Осимро бо ихтисоси технологияи мошинсозӣ хатм намуда, солҳои 1989- 1991 рисолаи номзадиашро дар назди донишгоҳи шаҳри Маскав ҳимоя кардааст.
Баъди хатми рисолаи номзадӣ, Мирзомиддинов фаъолияти меҳнатиашро дар Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, сипас ба кор ба Донишкадаи кӯҳию металургӣ даъват шудааст.
Аз соли 2006 то соли 2010 декани факултаи электронмеханикаи Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон фаъолият намудааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири Парки технологӣ ва то соли 2020 мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ кор кардааст.
Илҳом Мирзомидинов аз ҷумлаи камтарин олимони соҳаи технология дар Тоҷикистон дониста мешуд, ки дар тӯли фаъолияти беш аз 25 солааш, чандин асарҳои илмиро дар соҳаи технология таълиф намудааст.
Аз ҷумла, нахустин фарҳанги таҷҳизоти мошинсозӣ ба забони тоҷикӣ ҷониби ӯ баргардон шудааст.
Ҷанозаи устоди Донишкадаи Бӯстон дар қабристони канори масҷиди «Нури Ислом» дар Хуҷанд ба хок супурда шуд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ