Мизи ройгон барои санҷиши фишор
Яке аз корбарони фаъоли «Ахбор барои афкор» мегӯяд, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон — ҷои зиндагии онҳо, дар ҳамаи дорухонаҳо мизи ройгон барои санҷиши фишор мавҷуд аст ва одамон аз ин хидматрасонӣ истифода мекунанд.
Чанд соли ахир, агар таваҷҷуҳ кардаед, фавти якбораи одамон, аз ҷумла дар кӯчаву ҷои кор ҳам зиёд вомехӯрад. Гуфта мешавад, яке аз сабабҳо фишори баланд ва бемории қалб аст. Агар чунин мизҳои ройгони санҷиши фишор дар дорухонаҳо, ки теъдодашон ҳоло аз ҳар чизи дигар зиёд аст, вуҷуд медошт, шояд чанде аз ин ҳолатҳо пешгирӣ мешуд.
Фикр мекунем чунин тартиби кор, хоса дар ин рӯзҳои аз ҳад гарми тобистон зарурати бештар пайдо кардааст. Албатта ҳоло ҳам дорухонаҳо барои санҷиши фишор, дар ҳолати зарурати аз ҳад сахт, шояд асбоби фурӯшии худро медиҳанд. Аммо ташкили мизҳои ройгон нақши дигар хоҳад дошт. Чун ҳоло на ҳама ба худ иҷозат медиҳанд, ки аз дорухонае чунин хоҳиш намоянд. Ё шарм мекунанд, ё фикр мекунанд яке хоҳишашон рад шавад…
Раҷаби МИРЗО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ