ММТ натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023-ро эълон кард
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023-ро эълон кард.
Бино ба иттилои марказ, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» сабт гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шудааст.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор — А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудаанд.
Агар дар бахши «Натиҷаи имтиҳонҳо»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 25-уми июл доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 25-уми июл баргузор мегардад, маълум мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошта дода шудааст. Маълумоти муфассалро метавон аз сомонаи Маркази миллии тестӣ дастрас намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ