Моҷарои “облава”-и гадоҳо ва вокуниши РВКД (видео)
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ба сайр даромад, ки ду нафар корманди ВКД як тан шаҳрвандро аз роҳи мошингард ба тарафи роҳи пиёдагард иҷборан мебароварданд. Ба ин кори онҳо зане монеа гардида, мехост ин нафарро аз дасти “обалавачиҳо” халос кунад. Дар навор гуфта мешуд, ки ин “маъракаи ба хизмати аскарӣ бурдани наваскарон аст». Аммо сари ин масъала вокуниши Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе ба нашр расид, ки пас аз таҳқиқи навори мазкур рӯи кор омадааст:
ВОКУНИШ: вайроннамоии тартиботро ба «облава» рабт надиҳед!
Санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст. Муаллифи навор ҳодисаи мазкурро «ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)» шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.
Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шавад.
Вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада ва муайян намудани ҳолати воқеӣ дар асоси супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шахсияти ҳамаи иштирокдорони навор, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани дар навор инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.
Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки онҳо:
Пардаев Бадриддин Искандарович санаи таваллудаш 11.09.1993, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва ҳамсраш Халосова Озода Шамсиддиновна санаи таваллудаш 26.09.1995 сокини суроғаи болозикргардида мебошанд.
Ба иттилои онҳо санаи 30 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шуданашон ба талбандагӣ кормандони милитсия ҳозир шуда, хостанд аз роҳи мошингард ҷавони талбанда Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари у Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд.
Ин ҳодисаро ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус RX рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01 шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодович соли таваллудаш 11.01.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун «ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)» бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст. Зеро ба гуфтаи худи шаҳрванд Латипов Насимҷон ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи «облава» паҳн намудааст.
Ҷои нигаронист, ки як қатор расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи «облава» инъикос намуданд, ки ин амали рузноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст!
Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба «облава» ягон рабт надорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки кормандони милитсия уҳдадоранд ҳар як ҳолати вайроннамоии қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо дуд додани испанд, ба фуруш баровардани ҳар гуна маводҳои кудакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбаташон чораандешӣ намоянд. Зеро на танҳо ҷони худашонро дар хатар мегузоранд, балки ҳаёти ронандагонро низ зери суол мебаранд!
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе
Аз идораи сомона:
Вобаста ба ин вокуниш ва навори бардоштаи корбари шабакаи иҷтимоӣ Латипов Насимҷон ҳаминро илова карданием, ки шахси “ҷабрдида”-и “облавашванда” Пардаев Бадриддин ва “зани бараҳме”, ки ӯро халос кардан мехост — Озода Халосова, ки дар акс мебинед, имрӯз дар ошхонаи “Шарқи озод” озодона хуроки нисфирӯзӣ хурданд ва баъдан боз ба ҳамон роҳе, ки дар он ҷо “облава” шуда буданд, баромада, ба талбандагии худ идома доданд. Шояд онҳо аз “реклама” шудани худ хурсанданд, ки дубора ба ин роҳи “сердаромад” рӯй овардаанд. Ин кори онҳо дар гардиши роҳи сермошин хатари иловагӣ дорад ва интизорем, ки боз кадом наворбардори моҷароҷӯ ба ҷои он, ки ин амали хатарноки онҳоро маҳкум кунад, аз онҳо “ҷабрдида “ метарошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ