Мо қонуни бениқобӣ қабул кардем?
Саволи асосие, ки ҳоло мардуми мо мехоҳанд ҷавоб гиранд, ин аст: оё касеро барои напӯшидани ниқоб ҷарима карданд?
Тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ки рӯзи 4-уми июл аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расида буд, рӯзи 7-уми июл баъди чоп шудан дар нашрияи расмии Ҳукумат-«Ҷумҳурият» ба иҷро даромад, вале ҳамоно кӯчаҳои серодами Душанбе аз нафарони бениқоб хеле зиёд аст. Ва дар ин баробар аз ҷарима шудани нафаре касе хабар надодаасту касе хабар надорад.
Вобаста ба ин дар Тоҷикистон гурӯҳе ба фикре ҳастанд, ки ин ҳама сахтгириҳо ба фоидаи мардум аст, зеро бо ин роҳ саломати худу атрофиёнро метавон ҳимоя кард, вале бархе барои харидан ва иваз кардани ниқобҳои тиббӣ шароит надоранд.
Бешак метавон гуфт, ки тоҷикистониён зиёда аз як моҳ, яъне аз охири моҳи апрел то аввали моҳи июн аз хурӯҷи коронавирус ҳаросида, ин масъаларо бисёр ҷиддӣ қабул карда буданд. Ин муддат хоҳу нохоҳ ба кӯча бо ниқоб мебаромаданд. Аммо ҳоло ки ҷаҳон аз хурӯҷи дувумбораи ин вобо садо баланд мекунад, дар кишвари мо мардум чунон бепарвову беташвиш ҳастанд, ки гӯё ба якборагӣ ҳама хавфу хатар паси сар шуда бошад. Агар далел лозим бошад, як маротиба ба берун бароед. Шуморо намедонам, вале ман аз ниқобпӯшон дида, бениқобонро зиёдтар мебинам.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар шароити кунунӣ табибон пӯшидани ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо, дохили биноҳои серодам ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, дар шароити хона агар ҳама солим бошанд, зарурати пӯшидани ниқобҳои тиббӣ нест. Ҳамчунин, таъкид мекунанд, ки ҳангоми истифодаи ниқобҳо то муҳлати муқарраргардида, кушодану пӯшидани он мумкин нест, чун ҳар боре, ки онро мекушоем, байни даҳон ва ниқоб ҳаво ҷамъ мешавад ва имкон дорад, ки он ҷо микробҳои касалиовар ҷо бигиранд ва мо онро нафас гирифта, сироят ёбем.
Мо касеро тарсонданӣ нестем, вале дар чунин вазъ бояд худу атрофиёнро эҳтиёт кард.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ