Модари фарзандкуш ва тифлони мақтулашро дар Душанбе ба хок супориданд
Ҷасади Шаҳло Шодиева, ки худ ва се фарзандашро дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ба таври фоҷеавӣ ба қатл расонд, дар шаҳри Душанбе ба хок супоридаанд.
Тавре як сокини деҳаи Некнот гуфт, “намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ташхиси тиббию судии шаҳри Панҷакент ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба Душанбе бурда буданд. Баъдан онҳоро дар Душанбе ба хок супориданд”.
Ин фоҷиаи мудҳиш дар Некноти Панҷакент 10-уми апрел сар зада буд.
Сокинони деҳаи Некнот дар мавзеи кӯли Кӯлак чаҳор ҷасадро ёфтаанд, ки “ба дарахтҳо овезон буданд”. Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд, аммо раиси деҳа гуфт, “ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд”.
Ба гуфтаи чанд сокини деҳаи Некнот, ҷасадҳои ёфтшуда аз Шаҳло Шодиева ва се фарзандаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола Аминаи 8-моҳа будааст.
Сокинон мегӯянд, Шаҳло Шодиева, ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини 30-солаи деҳаи Некнот, эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, сипас, қасд ба ҷони худ кардааст.
Дониёр Ортиқов, раиси деҳаи Некнот ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст: “Воқеа баъд аз соати чаҳори бегоҳ рух додааст. Ба ман чанде аз бачаҳо занг зада, ҳодисаро гуфтанд. Рости гап, бовар накардам. Баъд ҳамроҳи хусурашу ҳамдеҳагони дигар ҷасадҳоро аз дарахт кушода гирифтем”.
Дар маконе, ки ҳодиса рух додааст, аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Дар онҷо ҳафтаи гузашта Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шодиева, ҳамроҳи писараш 300 бех ниҳол шинондаанд. Сокинони Некнот мегӯянд, ин зани ҷавон зодаи шаҳри Душанбе буд. Чанд сол пеш келини хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон ҳаёти ин оиларо миёнаҳол ном мебаранд. Дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекардаанд. Падарарӯси Шаҳло Шодиеваро дар деҳа ҳамчун Азизпаҳлавони чӯпон мешинохтаанд.
Ҳоло сокинон худкушии Шаҳло Шодиева ва се фарзандашро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Яке мегӯяд, ки модар бемори рӯҳӣ дошт. Бархе дигар ба ин назаранд, ки ҷафои хонавода боис ба марги модару фарзандонаш гардид. Мақомоти расмӣ сабаби худкушии Шаҳло Шодиева ва се фарзандашро худкушӣ дар заминаи моҷори оилавӣ гуфтанд.
Айни замон худкушии ин модару фарзандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. Исмоил Зарифӣ, шоир ва рӯзноманигор дар ҳошияи модаре, ки худ ва се тифли хешро дар деҳаи Некнот ба дарахти себ овехт, марсия эҷод кардааст:
ОҲ, МОДАР! ЧАРО ХАТО КАРДӢ?…
Оҳ, модар! Чаро хато кардӣ?…
Амали зишту нораво кардӣ.
Бар сари хешу кӯдакони худ,
Домани қаҳри худ раҳо кардӣ.
Оҳ, модар! Чаро хато кардӣ?…
Бурдӣ бо хеш сӯзу армонат,
Дардҳои ба сина пинҳонат.
Кӯдаконат ба дасти худ куштӣ,
Гар нахӯрдӣ даме ғами ҷонат.
Оҳ, модар! Чаро хато кардӣ?…
Кӯли Кӯлак, ки шоҳиди дард аст,
Қалби ӯ ҳамчу оби ӯ сард аст.
Шоҳиди тарсу нолаи тифлон,
Шоҳиди нолаи ғамовард аст.
Оҳ, модар! Чаро хато кардӣ?…
Деҳи Некнот гашт мотамдор,
Дар ғами кӯдакони безинҳор.
Пиру барнои деҳа мегиряд,
Бори дигар зи хоб сар бардор.
Оҳ, модар! Чаро хато кардӣ?…
Дар баҳорон ба боғи себу нок,
Бурдӣ армону дарди худ бар хок.
Шоҳиди марг шуд дарахти себ,
Синаи аҳли деҳ намудӣ чок.
Оҳ, модар! Чаро хато кардӣ?…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ