Модари раиси вилояти Хатлон даргузашт

Модари раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода — Ҳайдарова Бисаломат дар сини 81 солаги аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода сухангӯи раиси вилояти Хатлон хабар дода, бо аҳли хонавода ва ёру пайвандони раис изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон ба раиси ин вилоят Қурбон Ҳакимзода бино бар даргузашти модараш изҳори ҳамдардӣ карда, барои пайвандони марҳум сабру шикебоӣ хостаанд. Иллати марги модари Қурбон Ҳакимзода гуфта нашудааст. Дар номаи таъзия гуфта будааст, ки модари Қурбон Ҳакимзода «олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ буданд ва бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рӯзгори фарзандонро зеб медоданд…”

Қурбон Ҳакимзода, ки 54 сол дорад, аслан аз Мастчоҳ буда, 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров ба дунё омада ва соли 1988 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ 14 январи соли 2019 раиси вилояти Хатлон таъйин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *