Модари Роналду овозаҳои ҷудо шудани Криштиану ва Ҷорҷинаро рад кард
Модари Криштиану Роналду дар бораи муноқишаи эҳтимолии писараш бо Ҷорҷина Родригес изҳори назар кард: “Дурӯғ аст. Ҳама ҷуфтҳо ҷанҷол мекунанд, вале онҳо мубориза мебаранд”.
Матбуоти Испания чанде пеш гузориш дода буд, ки ҷуфти ҳамсарон рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд, зеро ҳамлагари Португалия ва “Ал-Наср” аз муносибатҳои онҳо, ки аз соли 2016 оғоз шуда буд, «сер шудааст».
Ҳамчунин иддао шуда буд, ки ахиран Роналду ва дӯстдухтараш ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо баҳси шадиде кардаанд, бо вуҷуди ҳузури афроди дигар садояшон баланд шудааст.
Баъдтар ҳамлагари тими “Ал-Наср”-и Саудӣ ба суҳбати ҷудошавӣ бо Ҷорҷина ба таври худ вокуниш нишон дода, акси муштаракро бо дӯстдухтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, чунин имзо гузошта буд: “Биёед, барои ишқ бинӯшем”.
Ёдовар мешавем, ки ҳамсарон аз соли 2016 мулоқот мекунанд, онҳо соҳиби панҷ фарзанд мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ