Moderna, AstraZeneca, CoronaVac — кадоме аз ваксинаҳо бехатар аст?
Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се ваксина бар зидди короновирус мавриди истифода қарор дорад — Moderna, AstraZeneca ва CoronaVac. Дар марказҳои саломатӣ аксар вақт зимни гузарондани ваксина аз шумо мепурсанд, ки кадоми онҳоро интихоб мекунед ва талаботи шуморо ба назар гирифта, ба шумо сӯзандору мегузаронанд. Дар ин матлаб мо ба шумо оид ба хусусият ва манфиати ваксинаҳои зикршуда маълумот медиҳем.
MRNA-1273
Ваксина аз ҷониби ширкати Moderna таҳияшуда аст.
Он барои нафарони аз 18-сола боло пешбинӣ шудааст.
Доруворӣ дохили мушакҳо бо фосилаи як моҳ ду маротиба ворид карда мешавад.
Гарчанде ваксина ҳанӯз ба номгӯи дорувориҳои ТУТ шомил нашудааст, аз ҷониби Агентии дорувории Аврупо (EMEA) пазируфта шуда, истифодаи он дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ гардидааст.
Гурӯҳи машваратии коршиносон ба тамоми нафароне, ки ваксинаи мазкурро гирифтаанд, муддати 15 рӯз таҳти назорати табибон қарор гирифтанро тавсия медиҳанд. Дар сурати сар задани аксуламали шадиди аллергикӣ пас аз гирифтани вояи аввал, дигар ваксина гузаронида намешавад.
Самаранокӣ. Самаранокии он баъди вояи аввал 92%-ро ташкил медиҳад.
Эҳтимоли таъсироти манфӣ. Ваксинаи мазкур ба нафароне, ки баъд аз вояи аввал аксуламали шадиди аллергикӣ ё реаксияи шабеҳ ба ҳама гуна ҷузъҳои ваксина пайдо карданд, тавсия дода намешавад. Бонувони ҳомилае, ки воксин гирифтан мехоҳанд, бояд қаблан бо табиби худ машварат намоянд.
Тавре истеҳсолкунанда қайд мекунад, пас аз ваксина беморон метавонанд як қатор аксуламалҳои манфӣ, аз қабили дард дар ҷои тазриқ, варам ва сурхӣ, хастагӣ, дарди сар, хунукӣ ва дарди буғумҳоро эҳсос намоянд. Вале исбот шудааст, ки ин ваксина безарар мебошад.
AZD1222
Ваксинаи Oxford, AstraZeneca.
Дар ваксинаи AstraZeneca ба ҳайси вектор вируси ҳамдунаи аденовирус истифода мешавад, ки ба ҷисми инсон ягон зарар намерасонад. Яке аз афзалиятҳои ваксинаи AstraZeneca дар қиёс бо ваксинаҳои истифодашаванда дар он аст, ки дар ҳарорати 2-8°C муддати мадид нигоҳ дошта мешавад.
Дар баъзе кишварҳо новобаста ба он ки ваксина дар он ҷо истифода мешавад, онро ба нафарони аз 55-сола боло тавсия намедиҳанд. Сабаб дар он аст, ки оиди самаранокии ваксина барои ин гурӯҳи синнусолӣ маълумоти кофӣ ба даст оварда нашудааст. Ваксинаи мазкур бо фосилаи як моҳ ду маротиба гузаронида мешавад.
AstraZeneca аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба дорувориҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Баъди он ки сифат ва бехатариву самаранокии ваксинаи мазкур собит гардид, истифодаи он барои нафарони аз 18-сола боло иҷозат дода шуд.
Самаранокӣ. Қаблан AstraZeneca оид ба даври сеюми таҳқиқотҳои клиникии AZD1222 хабар дода буд. Дар Бразилия ва Бритониёи кабир дар санҷиши ваксинаи мазкур беш аз 23 ҳазор нафар ширкат варзиданд. Онро бо схемаҳои гуногун мавриди санҷиш қарор доданд, аз ин рӯ, самаранокии миёнаи он гуногун буд. Натиҷаи беҳтарин — 90% дар он гурӯҳе ба даст оварда шуд, ки иштирокчиёнаш дар аввал ними вояро қабул намуданду баъди як моҳ ними вояи дуюмро.
Дар сурати баъд аз фосилаи як моҳ ду вояи пурра гирифтан самаранокии онро ба 62% баробар менамояд.
Аз моҳи феврал инҷониб натиҷаҳои нави таҳқиқотҳои клиникии AstraZeneca ба даст оварда шудаанд. Баъд аз вояи аввал самаранокии ваксинаи мазкур 76%, баъди дуюм ки дар муддати се моҳи минбаъда гузаронда мешавад, 82%-ро дар бар мегирад.
Таъсироти эҳтимолии манфӣ. Истеҳсолкунанда бовар мекунонад, ки ҳангоми санҷишҳо ягон аксуламали ҷидии манфӣ рух надодааст.
CoronaVac
Ваксинае, ки аз ҷониби ширкати биофармасевтикии чинии Sinovac таҳия шудааст, як ваксинаи мукаммали кимиёвии зиддивирусӣ бар зидди COVID-19 мебошад. Ҷузъиёти асосии он зарраҳои вирусии ноустувор буда, масуниятро баланд мебардорад. Ин технологияи санҷидашуда, ки барои истеҳсоли ваксинаҳои зиёди дигар истифода мешавад, дар қиёс ба РНК-ваксина дар ҳарорати 2-8°C нигоҳ дошта мешавад.
Он ба дохили мушак дар ду вояи ворид карда мешавад.
Баъди он ки сифат ва бехатариву самаранокии ваксинаи мазкур собит гардид, истифодаи он барои нафарони аз 18-сола боло иҷозат дода шуд.
Айни замон маълумоти камтар оид ба бехатарии ваксина барои нафарони аз 60-сола боло вуҷуд дорад (бинобар сабаби кам будани шумораи иштирокчиёни озмоишҳои клиникӣ).
Гарчанде ки ягон фарқият оид ба бехатарии ваксина барои одамони калонсол нисбат ба ҷавонон вуҷуд надорад, кишварҳое, ки истифодаи ин ваксинаро дар нафарони аз 60-сола боло баррасӣ мекунанд, бояд пайваста амнияти онро назорат кунанд.
Дар доираи амалиёти истифодабарии ваксина дар ҳолатҳои фавқулода ширкати “Синовак” ӯҳдадор аст, ки маълумотро дар бораи бехатарӣ, самаранокӣ ва сифати ваксина аз озмоишҳои клиникии ҷорӣ ва эмгузаронии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон пешниҳод намояд.
Самаранокӣ. Хитой ҳанӯз дар фасли тобистон истифода бурдани ваксинаи мазкурро ба нафарони дар гурӯҳи хатар қарордошта иҷозат дода буд. Айни ҳол маълумотҳо оид ба таҳқиқотҳои даври сеюми озмоишҳои клиникӣ аз кишварҳои гуногун дастрас гардидаанд, ки хеле фарқкунандаанд. Дар Туркия самаранокии он дар сатҳи 91%, дар Индонезия— 65% ва дар Бразилия танҳо 50% нишон дода шудааст.
Чунин нишондоди паст ва натиҷаҳои чашмрас дар кишварҳои гуногун боиси сар задани танқиду шубҳа дар эътимоднокии он гардид.
Таъсироти эҳтимолии манфӣ. Таҳқиқотҳои дар Индонезия гузарондашуда ягон таъсироти манфиро нишон надод. Ягона таъсироти манфӣ дар сар задани табларза буд, ки баъди чанд рӯз бартараф гардид.
Таҳияи Нодира Раҷабова
P. S. Маводи мазкур бо истифода аз маълумотҳои сомонаи расмии ТУТ омода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ