“Мошинбизнес”-и қаллобон
Тавре ВКД хабар медиҳад, нисбати марди 41-солаи сокини
пойтахт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии
Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда бо роҳи фиреб ба бовории марди 44-солаи сокини шаҳри
Ваҳдат даромада, аз ӯ 6-адад автомашинаҳои гуногунтамға: “Волво”, “Мерседес-Бенс”, “Актрос”, “Ман”, “БМВ” ва
“Мерседес-Бенс”-ро нархгузорӣ карда гирифта, ба шахсони дигар фурӯхта, маблағи
ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 442 ҳазор доллари амрикоиро
ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои
оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри
Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди
37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар
ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, 2-адад автомашинаҳои тамғаи
“БМВ-Х5” ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол
барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомониро ташкил
медиҳад.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди
47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2015 марди 37-сола ва марди
47-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад
автомашинаи тамғаи “Лексус-350”-ро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ
нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Все комментарии