Оташ гирифтани мошини сабукрав дар назди “Казинои Саидшо” (аксҳо)
Мошини сабукрави тамғаи “Лада 099” дар кӯчаи Шестопавлови ноҳияи Фирдавсӣ оташ гирифт.
Сӯхтори мошини “Лада 099” тақрибан соати 1-и шаби 28-уми июл ба амал омадааст. Як хонандаи сомонаи Pressa.tj баъди ирсоли видео ва аксҳо аз ҷои ҳодиса гуфт, мошин дар миёнаи роҳи мошингарди кӯчаи Шестопавлов, маъруф ба “Казинои Саидшо” сӯхтааст. Кормандони оташхомӯшкунӣ ва БДА ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, мошинро хомӯш карданд.
То ҳол сабаби сӯхтор ва осеби мусофирони дохили мошинро мақомоти дахлдор шарҳ надодаанд. Аммо эҳтимол дорад, ки мошин бинобар сабаби таркиши газ оташ гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ