Муқимҷон Абдуфаттоев: Имрӯз кор танҳо барои обуначиву «лайк» аст
Театр-студияи “Хандинкамон” баъд аз як соли сукут, ки хуруҷи пандемияи COVID-19 ба он сабаб шуд, бо барномаи ҷадиди ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе омад ва санаи 31 март бо мухлисонаш рӯ ба рӯ шуд. Ду соат қабл аз оғози консерт Муқимҷон Абдуфаттоев, роҳбари ин гурӯҳ меҳмони барномаи “Корзина” шуд ва ба саволҳои хабарнигори “Тоҷикистон” посух гуфт.
Суҳбат бо Муқимҷон Абдуфаттоев асосан сари ҳолати кунунии ҳаҷви тоҷик, норасоии ҳаҷанависон, омадану рафтани аъзоёни гуруҳи ҳаҷвии “Хандинкамон”, мансаб гирифтану истеъфо додан ва дигар мавзӯъҳо сурат гирифт.
Роҳбари гуруҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” ҳаҷвро “оинаи рӯзгор” меномад. Ба андешаи ӯ ҳоло ба ном ҳаҷвнигорон “барои обуначиву «лайк» имрӯз корҳое карда истодаанл, ки дили одам аз ҳама чиз мемонад” ва ҳатто номбурда дар мавриди оне ки ҳоло ҳаҷви тоҷикро кадом гуруҳ ё гуруҳҳо пеш бурда истодаанд гуфт: “Мутаассифона, ман гуруҳеро номбар карда наметавонам”.
Видеои суҳбатро ин ҷо бинед:
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ