Муқим Муродзода: Афсарони мо барои ҳимояи Ватан ҷон бохтанд (аудио)

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар якҷоягӣ бо сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Айнӣ И. Гулмуродзода, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Ш. Бобоҷонов ва дигар фаъолон оилаҳои сарбозону афсарони дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ фавтидаро аёдат намуданд.

Ҳангоми аёдати оилаҳои дар даргириҳои сарҳадӣ ҷонбохта Муқим Муродзода бо падару бародарон ва дигар пайвандони ин оилаҳо аз наздик сӯҳбат намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият баён намуд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ҳуҷуми аҳдшиканонаи қирғиз якчанд нафар ҳомиёни Ватан аз ноҳияи Айнӣ низ ҷон бохтанд. Муқим Муродзода зимни сӯҳбат бо оилаҳои қаҳрамонони фавтида гуфт, ки сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканона ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон доданд ва бешак инҳо қаҳрамонанд. Зеро, онҳо барои ғасб кардани замини бегона не, баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷон бохтанд. Онҳо ҷон бохтанд, то мо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намоем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *