Муҳаббат: 12000 тифли тоҷик рӯи дастонам ба дунё омадаанд

Муҳаббат муддати 28 сол мешавад, ки берун аз Тоҷикистон умр ба сар мебарад. Ӯ замоне зиндагии берун аз Ватанро интихоб кард, ки духтараш бо ҷавони курдӣ хонадор шуда буду кумаки модар ба онҳо хеле муҳим буд.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ як наворӣ видеоӣ паҳн гардид, ки дар он бибии Муҳаббат дар васфи Тоҷикистон шеър хонда, аз сӯзиши фироқу дурӣ аз Ватану зодгоҳаш сахт гиря мекунад.

Дар рӯзи таҷлили 87-умин солгарди умри бобаракати ин бонуи тоҷик, ки алъон дар Шветсия зиндагӣ мекунад, хабарнигори минтақавии рӯзномаи Хатлон Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ суҳбати онлайниеро анҷом додаанд, ки муҳтавояшро пешниҳоди шумо мегардонем.

Айни ҳол саломатиятон чӣ хел аст?

— Каме фишори хунам баланд шуд. Акнун пир шудам, қариб ба синни 90 солагӣ расидам. Шунавоиам суст шудааст. Чашмонамро табобат кардам, аниқтараш ҷарроҳӣ карданд. Ҳамааш хуб аст, худам худамро нигоҳубин мекунам, хӯрок мепазам.

— Шумо дар Кӯлоб чанд сол зиндагӣ кардед?

— Ман 8-уми июли соли 1937 дар райони Темурмалик таваллуд шудам. Вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, бобоямро аз вазифааш гирифтанд, аз онҷо кӯч баста, ба райони Фархор рафтем. Дар онҷо амакам Усмонов Абдураҳим зиндагӣ мекард, ҳамсари он кас ҳам тоҷик буд. Мо ду сол бо онҳо якҷоя зиндагӣ кардем. Модарам ба кор даромад, аз ҷои кораш ба ӯ хона доданд ва баъд зиндагиро дар хонаи худамон идома додем. Дар инҷо мактабро то синфи 6 –ум дар райони Фархор хондам. Як бибиам тоҷик ва дигараш тотор буданд. Як бобоям узбек ва дигараш Башқир буданд.

 — Чӣ шуморо водор кард, ки аз Тоҷикистон ба Шветсия равед? 

— Соли 1995 буд. Домодам, яъне шавҳари духтарам курд буд, вақте фарзанди дуюмашро таваллуд кард, домодам маро ба хонаашон даъват кард, то ки ба духтарам кумак расонам. Ба ман даъватнома равон карданд, моҳи январи ҳамон сол аз Маскав ба шаҳри Стокголми Шветсия омадам. Ман аз Тоҷикистон нагурехтам, гуреза нестам.

Дар аввал домодам бо духтарам дар дигар шаҳр зиндагӣ мекарданд, онҳо хонаашонро иваз карданду мо ба ҷои нав омадем, ман шиносномаи сурхи давраи шӯравиамро ба кормандони ин кишвар нишон додам. Вақте ҳамаашро ба кормандони мақомот фаҳмонидам, ба ман гуфтанд, ки ту шаҳрванди Шветсияро калон карда, тарбият додӣ ва ба ман иҷозатномаи иқомат доданд. Набераю абераамро калон кардам, дар ин кишвар таҳсил карданд. Ҳоло яке аз набераҳоям дар Созмони Миллали Муттаҳид кор мекунад, ҳамсараш аз минтақаи Кӯлоб аст.

— Аз соли 1995 то имрӯз ба Тоҷикистон наомадед?

— Давоми ин солҳо се бор дар Тоҷикистон будам. Якум маротиба соли 2011, бори дуюм соли 2013 ва охирон бор соли 2015 буд. Муддати 8 сол аст, ки дигар ба Ватан нарафтаам. Ҳамон набераам, ки дар СММ кор мекунад, бояд ҳуҷатҳоямро дуруст карда, маро равон кунад.

— Агар шуморо дар ҷашни Истиқлол даъват кунем, имкон доред, ки биёед?

— Албатта, агар саломатиам хуб бошад, ҳатман меравам, бо ин даъват маро хурсанд кардед. Ман хеле хурсандам, ки имсол дар иди Қурбон маро дӯстонамон даъват карданд, хеле руҳам болида аст.  

— Дар Тоҷикистон  маълумоти олӣ гирифта будед?

— Бале, коллеҷи тиббиро хатм карда будам. Дар таваллудхона кор кардаам, дар рӯи дастони ман қариб 12 ҳазор тифл ба дунё омадааст.  Маҳз барои ҳамин хубиҳои кардаам, Худованд ба ман кумак мекунад.

— Агар ягон гуфтание дошта бошед, марҳамат…

— Касеро дар пирӣ хор накунад мегӯянд, духтарам дар давраи пириам бисёр кумак мекунанд, маро хеле хуб нигоҳубин мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *